МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Дар бораи сифати муҳити таълимӣ сухан ронда, мундариҷаи фанҳои таълимиеро, ки хонандаи синфҳои ибтидоӣ аз худ мекунад, сарфи назар кардан мумкин нест. Арзёбии сифати муҳит/шароити таълим дар мактаби ибтидоӣ бояд бо роҳи муқаррар намудани дараҷаи мутобиқати ин шароит ба меъёрҳои муқарраршуда (аллакай мавҷуда ва ҳоло таҳия нашуда) барои татбиқи раванди таълим сурат гирад.
СИФАТИ МУНДАРИҶАИ ТАЪЛИМ
Таъсири сифати муҳтавои раванди таълим ба натиҷаи тайёрии кӯдак — хатмкунандаи мактаби ибтидоӣ бешубҳа марбут аст. Яке аз мушкилтарин норасоии идоракунии сифати ҷараёни таълим дар мактаби ибтидоӣ асосноккунии илмии принсипхои интихоб ва сохти мазмуни таълим мебошад.
Ҳангоми интихоби мундариҷаи фаъолиятҳои педагогии дар синфҳои ибтидоӣ муқарраршуда ва ҳам принсипҳои наве, ки ба тамоюлҳои муосири рушди маориф мувофиқанд, бояд ба назар гирифта шавад. Дар ин замина чунин принсипҳои рушди ҳавасмандкунӣ ва дастгирии эҳсосотию руҳӣ саҳми босазо дорад:
– инкишофи ахлоқию зеҳнӣ ва худидоракунии хонанда;
– фароҳам овардани шароит барои зуҳури мустақилият;
– имконият барои ташаббус ва рушдиқобилиятҳои эҷодии хонанда дар намудҳои гуногуни фаъолият.;
– принсипи гуманизатсияи мундариҷаи таълим ҳамчун таҳкими самти башардӯстонаи раванди таҳсилот ва таъсири тамоми фанҳои таълимӣ ба рушди эҳсосӣ ва иҷтимоӣ-шахсии хонанда;
– ба мавзуъҳои гуманитарӣ ва бадеӣ-эстетикӣ аҳамияти махсус дода, фаъолияти гуногуни эҷодии бачагонро таъмин намудан.
Айни замон — ташаккули кобилияти дидани як ашёро аз тарафҳои гуногун, яке аз роҳҳои амалӣ гардондани ин принсип ташкили курсҳои интегралӣ мебошад; принсипи мувофикати фарҳангӣ хамчун дастрас будани фарҳангҳои гуногун, фароҳам овардани шароит барои пурратар (бо назардошти синну сол) шинос шудан бо дастовардҳо ва инкишофи маданияти ҷамъияти муосир ва ташаккули манфиатҳои гуногуни маърифатӣ фаҳмида мешавад.
Муҳити мусоиди таълим ва омӯзиш он гоҳ эҷод мешавад, ки омӯзгор ва хонанда дар раванди омӯзиш саҳми муштарак доранд. Ин муҳитест, ки байни хонандагон эътимод ва муносибати мусбӣ ба вуҷуд меояд ва омӯзгор барои эҷоди муҳити бехатар ва тавонмандсоз саъю кушиш мекунад. Дар муҳити мусоиди таълим хонандаҳо худро аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва эмотсионалӣ бехатар ҳис мекунанд ва синфхонаро ҷойе меҳисобанд, ки ақидаҳои худро бидуни таҳқир баён кунанд. Хонандагон медонанд, ки новобаста аз гуногун буданашон, аз қабили қобилият, ҷинс, нажод, этникӣ ё дин қадр ва эҳтиром карда мешаванд. Омӯзгор аз ҳамаи хонандагон донишу малакаи рушдёбандаро интизор аст ва барои расидан ба ин интизориҳо хонандагонро тавассути фароҳам овардани муҳити мусоиди таълим дастгирӣ менамояд. Ҳамчунин, меъёрҳои рафторро муқаррар намуда, татбиқи амалии онро аз ҷониби ҳамаи хонандагон одилона назорат мебарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё