МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
ҚИСМАТҲОИ ТАРКИБИИ МУҲИТИ ТАЪЛИМ
Яке аз омилҳои асосии таъсиркунанда ба инкишофи самараноки кӯдак, инчунин ҷараёни ташаккули шахсияти инфиродии ӯ муҳити таълимии дақиқкорона омодашуда ба ҳисоб меравад. Ин муҳити махсус барои ҳосил намудани дониш, маҳорат ва малакаи муайяни хонандагон ташкил карда шудааст. Дар он шаклҳои таълим мутаҳаррик ва барои тағйирот дастрас мегарданд. Бо ибораи дигар, он қувваи берунаи ташкилкунандаест, ки ба ҷараёни таълим ва инкишоф ҳавасманд менамояд.
Муҳити таълими самаранок:
– ба инкишофи қобилиятҳои кӯдак боис мегардад;
– малакаҳои иҷтимоӣ, иртиботии кӯдаконро ривоҷ медиҳад;
– ба табодули афкор ва ахбор мусоидат мекунад;
– боиси инкишофи нутқ мегардад;
– маҳорати мустақилона гирифтани ахбори заруриро инкишоф медиҳад.
Ғояи муҳити таълим дар он аст, ки сарчашмаи инкишофи кӯдак на фаъолияти таълимии калонсолон, балки худинкишоф ва худбунёди хонанда дар ҳамкории интерактивии ӯ бо муҳити таълим аст.
Ба муҳити омӯзиш ё таълим ҳамаи он чӣ, ки кӯдакро иҳота карда, ба инкишофи ӯ таъсир мерасонад, дохил мешавад.
Унсурҳои муҳити таълимиро дида мебароем.
Ҳавасмандӣ (ваҷҳиёт мотиватсия) — яке аз ангезандаҳои амал, рафтор ва муносибатҳои инсон аст. Ҳавасмандӣ дар ҳолати эҳтиёҷот ва зарурат (набудан, натавонистан ва хоҳиши дастрас кардани ягон чиз, ва ё доштан) пайдо мешавад.
Масъалаи ҳавасмандӣ вақте пайдо мешавад, ки сабаби рафторҳои инсонро шарҳ додан лозим бошад. Шартҳои инкишофи ҳавасмандӣ дар ҷараёни таълим он вақт муяссар мегардад, агар:
– масъалаи гузошташуда ба имкониятҳои кӯдакон мувофиқат кунад ва ба муваффақият кафолат диҳад;
– ҷараёни иҷрои супоришҳо имконияти фаъолият ва ҳалли мустақилонаро дастрас мегардонад;
– хонандаҳо медонанд, ки омӯзгор аз онҳо кадом натиҷаҳоро интизор аст ва аз рӯйи кадом нишондиҳандаҳо фаъолияти онҳо арзёбӣ мегардад.
Ҳиссиёт — аксуламали инсон ба таъсири барангезандаҳои дохилӣ ва берунӣ, ки тамоми намудҳои ҳис ва таассуротро фаро мегирад.
Навъҳои ҳиссиёт: шодӣ, тааҷҷуб, ранҷ, ғазаб, нафрат, бадбинӣ, тарс, шарм, ҳамдардӣ. Ҳолати мусбати ҳиссиёт, ки имконияти пурраи қонеъ кардани талаботи мавҷударо дорад, ба хонанда дар ҷараёни таълим ёрӣ мерасонад.
Ба бунёди ҳиссиёти мусбат дар дарс чунин омилҳо имконият медиҳанд:
– услуби инсондӯстонаи муоширати педагогӣ;
– муносибати муътадил ба зуҳуроти ҳиссиёту эмотсияи манфии хонандагон;
– такмили технологияи таълим;
– истифода аз имкониятҳои бозӣ, мусобиқа, аёният ва бадеияти нақл;
– бедор намудани ҳиссиёти зеҳнӣ-ҳайрат, тааҷҷуб, навигарӣ, шубҳа, қаноатман дӣ аз кашфиёт;
– истифодаи масъалаҳои муаммовӣ, унсурҳои мубоҳиса, мисолҳои ҳаётӣ, таърихӣ, ҳазлҳо;
– истифодаи усулҳои хаёлоти эҷодӣ ва методҳои эвристикӣ, бунёди вазъияти комёбӣ;
– фазои умумии боварӣ, имконияти изҳори ҳиссиёт ва муҳокимаи ошкорои мушкилот.
Захираҳо — ҳамаи он чизест, ки аз ҷониби омӯзгор дар ҷараёни таълим истифода мешавад, бо фарогирии:
– дониш;
– таҷрибаи зиндагии хонандагон, волидон ва одамони дигар, ки муҳити иҷтимоии кӯдакро ташкил медиҳанд;
– китобҳо, рӯзномаҳо, маводи видеоӣ, интернет;
– ҳолати синф.
Захираҳо метавонанд моддӣ, ахборотӣ, зеҳнӣ, иҷтимоӣ, техникӣ ва ғ. бошанд.
Таҷриба — ин маҷмуи дониш, маҳорат ва малакаи амалан бадастомада аст.
Таҷрибаи ҳаётӣ — натиҷаи таъсири ҳамдигарии фаъол ва амалӣ бо олами беруна ва ҷомеа аст.
Истифодаи таҷрибаи мавҷуда, чи худӣ, чи аз дигарон барои зудтар мутобиқшавӣ ба шароити нав ёрӣ мерасонад. Маҳз таҷриба ҳам барои хурдсолон ва ҳам барои калонсолон барои истифодаи донишҳои нав дар ин ё он шароити зиндагӣ ёрӣ мерасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё