МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
МаорифТаҳсилот
Аз аввал хонданБА ИНОБАТ ГИРИФТАНИ ОМИЛҲОИ ПСИХОЛОГИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ
Барои самарабахшгардонии раванди таълим зарур аст, ки аз донишҳои психологӣ истифода намуда, омилҳои зерини психологӣ ба инобат гирифта шаванд:
- Омӯзгор бояд дар бораи хусусиятҳои фардӣ-психологии шогирди худ маълумот дошта бошад ва ӯро хуб шиносад. Ба хусусиятҳои фардии шогирдон ҳамон хусусиятҳое дохил мешаванд, ки онҳо умумӣ набуда, аз хусусиятҳои дигарон фарқ мекунанд. Мисол, агар дар синф 25 нафар хонанда таҳсил намояд, он гоҳ ҳар кадоми онҳо аз нигоҳи психологӣ бо хусусиятҳои фардӣ (мизоҷ, характер, қобилият ё бо тарзи бахотиргирӣ, диққату бодиққатӣ ва ғ.) аз ҳам фарқ мекунанд. Омӯзгор бояд оид ба хусусиятҳои ҳар як шогирд маълумот дошта бошад ва барои ташаккули хусусиятҳои мусбӣ кумак расонида, барои пешгирӣ намудани инкишофи хусусиятҳои манфӣ чораҳои зарурӣ андешад.
- Маводи таълимӣ мазмуни хуб дошта, ба имконияти донишазхудкунии шогирдон мувофиқ бошад. Шогирдон ҳамон вақт ба раванди донишомӯзӣ ҳавасманд мегарданд, ки агар маводи таълимӣ мазмуни хуб дошта, бо ҳаёт алоқаманд гардонида шаванд. Инчунин, аз аҳамияти донишҳои мегирифтаашон огаҳӣ пайдо намоянд ва ин донишҳо ба синну сол ва имконияти донишазхудкунии онҳо мувофиқ бошад.
- Усулҳои фаъоли таълим истифода шаванд (аз аёниятҳои муосир васеъ истифода намудан, аз қабили: компютер, проектор, диктафон, магнитафон, флепчарт, тахтаҳои синфии электронӣ ва ғайраҳо). Барои беҳтар аз худ намудани маводи таълимӣ истифодаи аёниятҳо ва усулҳои фаъоли таълим аҳамияти ба худ хосро доро мебошанд. Агар аёниятҳо дар раванди таълим барои ҷалб намудани диққати хонандагон ба дарс истифода гардад, он гоҳ ин барои беҳтару хубтар аз худ намудани маводи таълимӣ кумак мерасонад. Психологҳо муайян намуданд, ки агар дар лаҳзаҳои гуногуни дарс диққати хонандагон ба дарс мутамарказонида шавад, он гоҳ хонанда маводи таълимиро беҳтар аз худ менамояд. Усулҳои дигари фаъолгардонии шогирдонро худи омӯзгор интихоб менамояд.
- Мақсади ҳар дарс бояд мушаххас бошад ва бо усулҳои нав омӯзонда шаванд.
Имрӯзҳо усулҳои нави таълим васеъ истифода мешаванд. Ҳар як усул дорои мақсади муайян аст. Дарс ҳам дар ин замина бояд мақсади муайянро дошта бошад. Дар барномаи таълимӣ мақсади дарс равшан гардида, вобаста ба он маводи таълимӣ бо кадом роҳ бояд омӯзонида мешавад, муайян мегардад. Ғайр аз ин, риояи вақт низ дар барномаи таълимӣ оварда мешавад. Агар дар раванди таълим аз усули «ангезиши ақлҳо» васеъ истифода шавад, он гоҳ ин шогирдонро ба фикр намудан водор месозад ва ин ба мақсад мувофиқ аст. - Кӯшиш намудан лозим аст, ки хонанда бештар мустақилона вазифаҳоро иҷро намояд. Дар раванди таълим иҷроиши корҳои мустақилона аҳамияти калон дорад. Корҳои мустақилона имконият медиҳанд, ки дар хонандагон қобилияти фикркунӣ инкишоф ёбад ва ин ба инкишофи тафаккури эҷодии шогирдон мусоидат менамояд. Дар замони муосир шаклҳои гуногуни фаъоли таълим дар аксарияти давлатҳои пешрафта истифода мегарданд. Татбиқи «Низоми кредитии таҳсилот»
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон исботи гуфтаҳои боло мебошанд. - Шавқу ҳаваси хонандаро бо ҳар роҳе, ки набошад, ба таълимгирӣ зиёд намудан лозим аст. Барои аз худ намудани маводи таълимӣ баланд бардоштани шавқу ҳаваси шогирд вазифаи асосӣ ба шумор меравад ва ин аз маҳорати баланд доштани омӯзгор вобаста мебошад. Омӯзгор бо чӣ роҳе, ки набошад, бояд шогирдро ҳавасманд гардонад. Усулҳои ҳавасмандгардонии (баваҷҳории) шогирдон хеле зиёданд, ки оид ба онҳо баъдтар истода мегузарем.
- Усулҳои ба тариқи инфиродӣ омӯзонидани маводи таълимӣ ба инобат гирифта шаванд. Умуман, таълим дар синф коллективона гузаронида мешавад, вале омӯзгорро зарур аст, ки вобаста ба дараҷаи дониши хонанда супоришҳои муайянеро интихоб намояд. Ба он бояд диққат диҳад, ки оё шогирд вазифаҳои таълимиро ба тариқи инфиродӣ ё мустақилона чӣ тавр иҷро менамояд. Агар ба тариқи инфиродӣ супоришҳои иловагӣ муайян гарданд ва тарзи иҷрои он назорат карда шаванд, он гоҳ самарабахшии донишазхудкунии шогирдон афзун мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё