Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҷараёни таълим он вақт самараи бештар медиҳад, агар таълимгирандагон табодули таҷриба кунанд. Ҳангоми бунёди муҳити таълимии мувофиқ барои инкишофи кӯдакон кӯшиш бояд кард, ки:
– таваҷҷуҳ ба онҳо равона гардад,
– самти ҳамкорӣ бунёд карда шавад,
– таҷрибаи мавҷудаи онҳо истифода шавад,
– таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб намуда, ба ҷустуҷӯ равона бояд кард.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Муҳити таълимӣ чист?
  2. Шартҳои ҳавасмандии хонандагонро ба омӯзиш шарҳ диҳед?
  3. Қисматҳои таркибии муҳити таълимиро номбар кунед.
  4. Оё, муҳити таълимӣ ҳавасмандӣ ва ҳиссиётро фаро мегирад?
    1.26. Омилҳои самарабахшгардонии раванди таълим Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
    • Омилҳои муҳими сифати ҷараёни таълимро медонанд.
    • Таъсири омилҳоро ба раванди таълим аз худ мекунанд
    • Алоқамандии самарабахшии раванди таълимро бо амалҳои дигар ошкор месозанд.
    • Нақши омӯзгорро дар самарабахшгардони раванди таълим арзёбӣ карда метавонанд.
    Нақша:
    • Ёддиҳӣ ва ёдгирӣ ҳамчун омили самарабахшгардонии раванди таълим.
    • Ба инобат гирифтани омилҳои психологии раванди таълим.
    ЁДДИҲӢ ВА ЁДГИРӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ САМАРАБА ХУШГАРДОНИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ
    Тадқиқотҳои илмӣ собит месозанд, ки омилҳои самарабахшгардонии раванди таълим ба ёддиҳӣ ва ёдгирӣ алоқаи зич доранд. Ин аз он ҷиҳат аст, ки самарабахшгардонии раванди таълим ҳам тавассути амалҳои ёддиҳӣ ва ҳам ёдгирӣ амалӣ мешаванд.
    Ёдгирӣ равандест, ки инсон тавассути он чизҳоеро, ки намедонад ё наметавонад, дониста мегирад. Дониш, маҳорат ва малакаҳои нав ҳосилшуда дар раванди фаъолияти бомақсад бояд истифода гарданд.
    Бояд қайд кард, ки ёдгирӣ аз рафт ва натиҷаи низоми биологии маҳорати фардии инсон низ вобастагӣ дорад. Мавҷудоти зинда намудҳои нави рафторро меомӯзанд, ки онҳо барои зиндагии ӯ лозим мешаванд. Инсон ба дунёи воқеӣ мутобиқ мешавад, зиндагӣ мекунад, сифатҳои навро пайдо намояд- ин ҳама тағйиротҳо ба мафҳуми «ёдгирӣ» ва «ёддиҳӣ» вобаста мебошанд.
    Дар адабиёти психологии даврони Шӯравӣ чунин омилҳои самарабахшгардонии раванди таълим зикр гардидаанд:
    – омӯхтани маводи таълимӣ ба мазмун ва мундариҷаи он вобаста аст;
    – муайян намудани намудҳои дониш, маҳорат ва малакаи донишгирӣ;
    – забон ва тарзи баёни донишҳо;
    – муайян намудани аҳамият ва моҳияти маводи таълимӣ;
    – шуурона омӯхтани маводи таълимӣ;
    – сохт ва таркиби маводи таълимӣ;
    – ҳаҷми маводи омӯзишӣ;
    – хусусиятҳои эмотсионалии маводи таълимӣ.
    Ин омилҳои номбаршуда то ҳол истифода мешаванд ва арзиши худро гум накардаанд. Дар баробари ин, усулҳои наве истифода шуда истодаанд, ки омӯзгорон аз онҳо низ бояд бохабар бошанд. Новобаста аз ин, ҳар як омӯзгор усулҳои худро дорад ва агар аз он дуруст истифода намояд, самарабахшии кор хуб мегардад.
пешина
аз 142
навбатӣ