МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои эҳёи мактаби миллӣ ва рушди минбаъдаи он санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолият зарур буданд. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси фаъолони маорифи ҷумҳурӣ (28 августи соли 1995) ҳангоми муҳокима ва қабули Консепсияи мактаби миллӣ чунин таъкид карда буданд: «Ҳуҷҷати мазкур моро аз вазъи қолабӣ ва вариантбардорӣ раҳо карда, ба сӯйи арзишҳои миллӣ раҳнамун месозад». Дар ҳақиқат, Консепсияи тасдиқшуда фарогири асосҳои методологии низоми маорифи нави миллӣ буд.
Олими шинохта Муҳаммадулло Лутфуллоев, ки муаллифи консепсияанд, омилҳои ботинӣ ва зоҳирии инкишофи мактаби миллиро чун системаи мустақилу соҳибистиқлол ба таври зерин гурӯҳбандӣ кардаанд.
Омилҳои асосии ботинии мактаби тоҷик, ки дар заминаи маданияти миллӣ таҳия шуда инкишофу такмили мактаби миллиро таъмин менамоянд чунинанд:
- Мақсаду вазифаҳо; 2) Мазмуни маълумот; 3) Шаклҳои ташкили таълим; 4) Усули тадрис; 5) Воситаҳои таълим.
Омилҳои асосии зоҳирӣ, ки мавҷудият ва фаъолияти мухталифи мактаби тоҷик ва таҳсилоти муттасилро таъмин менамоянд инҳоянд:
– зиёд намудани теъдоди кӯдакистонҳо бо забони тоҷикӣ;
– ба роҳ мондани типҳои гуногуни мактабҳо;
– зудтар гузаштан ба риштаҳои таълим ва мактабҳои тафриқа;
– васеъ намудани доираи истифодаи амалии забони тоҷикӣ дар тамоми муассисаҳо, таълимгоҳҳо, вазорату идораҳо, корхонаю фабрикаҳо ва баланд бардоштани мақоми он ҳамчун забони давлатӣ;
– ба роҳ мондани таълими алифбои ниёгон;
– эҷодкорона ва мувофиқи мақсад ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар заминаи муқоиса бо таълими забони тоҷикӣ дар тамоми мактабҳо.
ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ТАҲСИЛОТИ МИЛЛӢ АЗ НИГОҲИ ФАЙЗУЛЛО ШАРИФЗОДА ВА ХУСУСИЯТҲОИ ТАШКИЛИ МУҲИТИ ТАЪЛИМ
Академик Ф. Шарифзода яке аз сермаҳсултарин педагогони машҳури тоҷик буда, ба қалами эшон зиёда аз 200 номгӯй осори илмӣ, таълимӣ, дастуру васоити методӣ ва мақолаҳои гуногунмавзуъ, китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ тааллуқ доранд. Онҳо ба устод маҳбубияту шуҳрат ва эҳтироми зиёд дар байни олимони Тоҷикистон ва берун аз он овардаанд.
Ҳалли мушкилоти таҳсилоти миллӣ дар давраи гузариш ба муносибатҳои нави иқтисоди бозорӣ, баланд бардоштани сифати таҳсил, таҳлили асосҳои назарию методии мавзуъҳои илмӣ, нақшаю барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ бо истифода аз татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар мазмуну мундариҷаи онҳо, таълими ҳамгиро ҳамчун асоси инкишоф ва тарбия — мазмуни фаъолияти сермаҳсули илмию таҳқиқотӣ ва методии устод Ф. Шарифзодаро дар бар мегирад.
Устод роҷеъ ба методикаи забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ, вазифаҳои таълими ибтидоии забони модарӣ, назария ва амалияи таълими ҳамгиро дар марҳилаи ибтидоии мактаби миёна асарҳои илмию методӣ кашф намудаанд. Дар ин радиф тасдиқ мекунанд, ки методика системаи таълими ибтидоии забони модарӣ буда, ҳамчун усули фаъолияти омӯзгору хонандаҳо илмест дар бораи роҳ, тарз ва воситаҳои омӯхтани дониш, ҳосил намудани маҳорату малака, ташаккули ҷаҳонбинии хонандагон, тарбия ва инкишофи он мебошад.
Тавре қайд намудем, мақсади таҳсилоти муосир ба инкишофи умумии зеҳнӣ, маънавию эмотсионалӣ ва амалӣ равона шудааст. Дар муассисаи таълимӣ гурӯҳи асосӣ мавҷуд аст, ки ин омӯзгорон, хонандагон ва волидайн мебошанд ва байни онҳо мунтазам ҳамкории педагогӣ бояд суръат гирад, зеро ҳамкории педагогӣ тамоюлест, ки дар асоси усулҳои инсонгароӣ ва муносибати ахлоқона ба рушди шахсият низоми усулу воситаҳои тарбия ва таълимро дар бар мегирад. Баҳри ба вуҷудоварии шароити иҷтимоию фарҳангии ҷараёни таълиму тарбия омӯзгор нақши асосӣ мебозад ва дар ҷараёни таълим бояд ба чунин ҷиҳатҳои кор эътибор диҳад ва имкониятҳои заруриро барои хонандагонаш таъмин намояд: муносибат ба таълим ҳамчун ҳамкории эҷодии омӯзгорон ва хонандагон. Дар ин ҷо омӯзгор бояд вобаста ба шароиту вазъияти синф ва хонандагони алоҳида фаъолияташро иваз ё таъғйир медиҳад, то ки мақсади дарс ба иҷро расад. Яъне, барои бартараф намудани ҳолатҳои ба ҷараёни дарс халалрасонанда, ё рафтору кирдор ва муносибати аъзоёни коллективи синф ё хонандаи алоҳида, омӯзгорро зарур аст, ки муҳити синфро муътадил нигоҳ дорад ва бо маҳорати баланди педагогӣ роҳу усулҳорои таълиму тарбияро эҷодкорона мувофиқи хусусиятҳои ҳолату вазъияти бавуҷудомада, дарёфт намуда, истифода намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё