МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Ҳамкории педагогӣ бо назардошти чунин хусусиятҳо бояд ба роҳ монда шавад.
Таълим бидуни фишор, ки ин тарзи кор тақозо менамояд, ки омӯзгор маърифати баланди психологӣ дошта бошад ва доимо таҳаммулпазиру ботамкин бошад.
Зеро хонандагони хурдсол махсусан, бо назардошти хусусиятҳои синнусолиашон на ҳама вақт бомасъулиятанд ва гуфтаҳои омӯзгорро дурусту бехато иҷро менамоянд.
Аз ин лиҳоз, омӯзгорро зарур аст, ки нисбати хонанда боилтифотона, оромона ва самимона муносибат намояд. Ҳангоми супориш додан, иҷрои он ё пурсидан набояд фишор овард, яъне маҷбур сохтан ба иҷрои ин ё он супорише, ки ба сатҳи донишу қобилияти ӯ мувофиқ нест, номумкин аст. Иҷрои ин ё он корро мувофиқи тавоноии хонанда талаб кардан лозим аст, то ки ӯ бо суръати худ, дар дараҷаи душвории худ фаъолият намояд.
Таъмин намудани озодии ботинии хонандагон. Бояд ба бача ёд дод, ки аз озодӣ нагурезад, балки озод бошад ва дар озодӣ худро идора карда тавонад. Асоси озодиро мустақилият таъмин менамояд, аз ин рӯ бача бояд ба қадри кифоя рушд ёбад. Аммо, агар шахс ботинан ба мустақилӣ омода набошад, иродаашро ташаккул надиҳад, таълим ва тарбия бесуд буда, мустақилият ба даст намеояд. Сири «мустақилият» дар он ифода меёбад, ки мустақилӣ озодист.Баъзе бачагон дар озодӣ боинтизом ва баъзе аз онҳо беинтизоманд. Тафовут дар он аст, ки ба онҳо чӣ тавр озодӣ дода шудааст, на озодие, ки туҳфа шудааст, балки он озодие, ки ба масъулият водор месозад, ки хонандагон бо кӯшиши худ ба даст овардаанд. Худозодшавӣ бачаро инкишоф медиҳад, ӯ мустақил ва худкору ботарбия мешавад. Барои шахси дорои ахлоқи баланд, озодӣ парубол ва барои шахси бетарбияю бадахлоқ бори зиёдатист. Хонандагоне, ки ҳамеша ҷазо мебинанд, аз мустақилӣ ва озодӣ метарсанд.Сарчашмаи асосии озодии ботинии хонандагон кору фаъолияти омӯзгор мебошад, ки ин амалро омӯзгор тавассуди мушоҳида, суҳбат ва ҳамкорӣ бо хонанда ба вуҷуд меорад. Озодии ботинӣ аз шахс фарҳанги баланд ва маҳорати томро талаб менамояд.
Интихоби озод (хонанда бояд супоришҳоро озодона интихоб намояд).Дар ин ҷо мебояд гуфт, ки омӯзгор дар навбати аввал бояд созандаи муҳити таълиму тарбия бошад ва хонандаро ба хондан ва фаъолият намудан шавқманд созад. Чи хеле, ки А. В. Сухомлинский васият кардааст: «Бачаҳо сарчашмаи илҳоманд ва вазифаи ман аз он иборат аст, ки бачагии онҳоро равнақ диҳам, ҳифз намоям ва рафиқу дӯсти онҳо бошам».
Интихоби озод ҳамон вақт дар ниҳоди хонанда ба вуҷуд меояд, ки дар фаъолияти омӯзгор чунин амалҳо ба назар расанд:
– ҳатман қадр кардани ташаббусҳои шогирдон дар таълим ва тарбия;
– дар раванди таълим ва тарбия муҳите фароҳам овард, ки хонандагон ба хондан шавқманд ва ҳавасманд шаванд;
– дар синф муқаррар намудани муносибатҳои пурсамари байни хонандагон зарур аст;
– барои ҳамаҷониба амалӣ сохтани раванди таълиму тарбия таҳияи барномаҳое, ки иқтидор ва қобилияти эҷодии хонандагонро инкишоф хоҳанд дод, зарур мебошад;
– дар раванди таълим омӯзгор ва шогирдон масъалаҳоро якҷоя баррасӣ намоянд;
– баҳо ба ҳайси фишор ё ҷазои хонандагон истифода нашавад.
Заминаи зеҳнӣ (гузориши вазифаҳои муҳим ва аз ҷониби хонандагон нисбат ба барномаи таълим зиёдтар фаро гирифтани дониш). Ба вуҷуд овардани заминаи зеҳнӣ барои тезтар ва зудтар аз бар намудани донишҳои оянда зарур буда, малакаю маҳорати донишазхудкунии хонандагонро ташаккул медиҳад. Ин кор зимни фаҳмондадиҳии мазмун ва моҳияти маводи омӯхташаванда, шарҳу эзоҳи вазифаҳои таълимӣ ва таҳлилу муҳокимаи супоришҳои иҷрошуда ба амал бароварда мешавад. Мазмуни ҳар як супоришҳо бояд барои пурра иҷро гардидани мақсади дарс мусоидат намояд ва инчунин барои омӯзиши мавзуъҳои оянда замина гузошта, фаъолнокии хонандагонро таъмин намояд. Барои ин омӯзгорро зарур аст, ки ҳангоми муайян намудани супоришҳо ва вазифаҳо эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, супоришҳоеро интихоб намояд, ки иҷроиши он хонандагонро ба фикрронӣ водор кунад.Чи хеле, ки академик Файзулло Шарифзода таъкид менамоянд: «Умдатарин ва арзишмандтарин самараи фаъолияти омӯзгор ин аст, ки ба шогирдонаш фикр карданро омӯзонида бошад». Аз ин лиҳоз, асоси фаъолияти омӯзгорро пеш аз ҳама мунтазам муайян намудании дараҷаи ташаккулёбию инкишофёбии равандҳои руҳӣ ва сатҳи донишу ҷаҳонбинии хонандагон бояд ташкил намояд. Баъдан, эҷодкорона дарёфт намудани роҳу усулҳои такмил додани тафаккури зеҳнӣ, хотири мустаҳкам, бодиққатӣ, қобилияти мулоҳизаронию хулосабарорӣ ва худфаъолиятӣ мебошад, ки ин ҳама унсурҳои меҳнати фикрӣ буда, фаъолияти дурусту бошууронаи хонандаро таъмин менамояд. Вайро ба зиндагии оянда омода месозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё