МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Тарбияи шахсияте, ки сифатҳояш пешакӣ муайян карда шуда буд. Ҷараёни таълим ба ташаккули шахсияти ҳамаҷониба ва мутаносибан рушдёфта равона карда шуда буд, ки дорои бойигарии маънавӣ, ахлоқи ҳамида ва камолоти ҷисмонӣ бошад.
Ба воситаи барномаҳои ягона, методу шаклҳои таълим барои ҳамаи хонандагон муносибати ягона зоҳир мешуд. Идоракунии раванди педагогӣ хусусияти фармонфармоӣ дошта, «ташаккули шахсият аз берун сурат мегирифт». Маҷозан мақсади ин технологияро чунин қайд кардан мумкин аст: «Ба ман фарқ надорад, ки ту чӣ гунаӣ, вале ман медонам, ки ту бояд чӣ гуна шавӣ ва ман туро месозам».
Дар омӯзиши таваҷҷуҳ ба шахсият фаҳмиши дигар нуҳуфтааст. Асоси он эътирофи фардият ва ба худ хос будани шахсияти ҳар хонанда аст. Ҳар хонанда созандаи фаъоли рушди худ (худомӯзӣ, худтарбия) ва дорои таҷрибаи нотакрори худ аст.
Муаллифони мухталиф ҳангоми шарҳи таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият қайд мекунанд, ки хонанда бояд худаш дониши худро бунёд кунад, омӯзгор бошад чун ташкилкунандаи ин ҷараён ба он мусоидат мекунад, на ин ки ҳаҷми муайяни маълумотро барои азхудкунӣ пешкаш менамояд.
Муаллифони дигар таъкид менамоянд, ки таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият ба хонандагон имкони интихоби на танҳо фанҳои омӯзишро медиҳад, балки сабабҳои мустақилона омӯхтани он ва ҳатто методу усулҳои омӯзишро муайян мекунанд. Дигарон таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсиятро чун раванди азхудкунии донишҳо аз ҷониби хонанда маънидод мекунанд, яъне он чизе, ки хонанда барои ба даст овардани натиҷа иҷро мекунад, на он ки омӯзгор барои интиқоли дониш ба онҳо. Чунин таъриф ғояи кори мустақилонаи хонандагонро таъкид мекунад.
ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ ТАЪЛИМИ ТАВАҶҶУҲ БА ИНКИШОФИ ШАХСИЯТ
Аксари муҳаққиқон дар тавсифи модели таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият фаҳмишҳои ба ҳам наздикро истифода мебаранд, ки онҳоро чунин баён кардан мумкин аст: фаъолии хонандагон; раванди ташаккул ва рушди салоҳият; якҷоя қарор қабул кардан дар бораи масъалаҳои омӯзиш; чиро кай ва чӣ тавр омӯхтан, ба кадом натиҷаҳо расидан, кадом меъёру стандартҳоро истифода бурдан, арзёбӣ бояд чӣ тавр ва аз тарафи кӣ сурат гирад ва ғайра.
Фикрҳои болоро ҷамъбаст намуда, принсипҳои асосии таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсиятро чунин муайян кардан мумкин аст:
– бештар истифода бурдани таълим ва омӯзиши фаъол;
– такя ба фаҳмиши амиқ ва рушди салоҳият;
– баланд бардоштани ҳисси масъулият ва мустақилияти хонандагон;
– ҳамкорӣ ва эҳтироми ҳамдигарии омӯзгору хонанда;
– баррасӣ ва мувофиқати мақсадҳои омӯзиш, намудҳои фаъолият байни омӯзгору хонанда;
– арзёбии амалҳои худ аз ҷониби омӯзгор ва хонанда дар доираи раванди таълим;
– хонанда дар натиҷаи раванди таълим худро ба ҳайси одами дигар мебинад.
Мутаассифона, дар адабиёти психологию педагогӣ асосҳои назариявии таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият на ҳамеша мушаххас нишон дода мешаванд.
Вале ин консепсия, аз нигоҳи мо, пеш аз ҳама, ба назарияи конструктивизм наздиктар аст, зеро он ба фаъолият, имкони «кашф»-и дониш ва омӯзиши мустақилона таваҷҷуҳи бештар медиҳад. Назарияи когнитивӣ низ ба фаъолият таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, вале аз он чӣ ки конструктивистҳо тарғиб мекарданд, фарқ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё