Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Худидораи эҷодии хонандагон. Таъмин намудани ин хусусияти раванди таълиму тарбия мустақилиятнокӣ, худкорию эҷодкории хонандагонро ташаккул дода, барои дарёфти қобилиятҳои гуногун мусоидат менамояд. Омӯзгор метавонад дар ҷараёни машғулиятҳои таълимӣ ва берун аз он аз усулҳои фаъоли таълим истифода намуда, муносибатҳои байни хонандагонро устувору пурарзиш гардонад. Зеро шарти асосии худидораи эҷодии хонандагон ин ҳамдигарфаҳмӣ, дастгирию тасдиқ ва бартарафсозии камбудию норасоиҳои фикру амалҳои якдигар мебошад. Дар ин раванд, албатта, сифатҳои меҳрубонию ғамхорӣ, дӯстию рафоқат, ҳурмату эҳтиром, самимияту некхоҳӣ, ботамкинию таҳаммулпазирӣ, хушмуомилагию хушрафторӣ ва бомулоҳизагӣ дар муносибатҳои онҳо зоҳир мегардад, ки ин арзишҳои фарҳанги миллии халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, муҳити иҷтимоию фарҳангии ҷараёни таълиму тарбияро ғанӣ мегардонад.
Мақсади асосии ташкили фаъолияти худидораи эҷодии хонандагон ин, дар онҳо ташаккул додани хусусиятҳои ташкилотчигӣ, эҷодкорӣ, ташаббускорӣ, ҷуръатнокӣ, худкорӣ ва мустақилиятнокӣ мебошад.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. 2) Моҳияти педагогикаи миллиро дар чӣ мебинед?
    Педагогикаи М. Лутфуллозода ва Ф. Шарифзода ба кадом принсипҳои педагогикаи миллӣ асос ёфтааст?
  2. Фароҳам овардани муҳити мусоиди таълим ба инкишофи хонанда чӣ гуна таъсир мерасонад?
    1. Кадом омилҳои ботинӣ ва зоҳирӣ рушди мактаби миллиро таъмин менамояд?
      Хусусиятҳои ташкили муҳити таълимро аз нигоҳи Файзулло Шарифзода шарҳ диҳед.
      1.28. Таълими ба шахсият нигаронидашуда дар синфҳои ибтидоӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
      • Таърифҳои гуногуни таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсиятро таҳлил мекунанд;
      • Хусусиятҳои таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсиятро шарҳ медиҳанд.
      • Усули ММД-ро барои коркарди самаранок бо ахбори таълимӣ истифода менамоянд.
      Нақша:
      • Таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият
      • Принсипҳои асосии таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият
      ТАЪЛИМИ ТАВАҶҶУҲ БА ИНКИШОФИ ШАХСИЯТ
      Муҳити ташаккули шахсият ва натиҷаҳои он:
      Агар кӯдак:
      – дар муҳите зиндагӣ кунад, ки ӯро ҳамеша танқид мекунанд, ӯ низ ба ҳама чиз эрод мегирад;
      – дар муҳити зӯроварӣ зиндагӣ кунад, ҷанҷолӣ мешавад;
      – дар муҳити тарс зиндагӣ кунад, тарсончак мешавад;
      – дар муҳити сабурӣ зиндагӣ кунад, таҳаммулпазир мешавад;
      – дар муҳити дилсӯзӣ зиндагӣ кунад, меҳрубониро ёд мегирад;
      – бо истеҳзо иҳота шуда бошад, беҷуръат мешавад;
      – дар иҳотаи рашк бошад, ҳасуд мешавад;
      – дар иҳотаи хиҷолат бошад, худро доимо гунаҳгор ҳисоб мекунад;
      – ҳавасмандиро ҳис кунад, бовариро меомӯзад;
      – дар атрофи ӯ ҳамагон ба якдигар чизеро тақсим кунанд, ӯ саховатманд мешавад;
      – мунтазам таъриф шунавад, олиҳиммат мегардад;
      – дар муҳити муҳаббат калон шавад, дӯст доштанро ёд мегирад;
      – дар муҳити бехатарӣ калон шавад, ба худ ва атрофиён эътимод ҳосил мекунад;
      – бо хайрхоҳӣ иҳота шуда бошад, мефаҳмад, ки олам беҳтарин ҷои зист аст;
      – дар иҳотаи одамони бовиҷдону одил зиндагӣ кунад, чӣ будани ҳақиқату адолатро мефаҳмад.
      Агар ба таърихи педагогика бингарем, дармеёбем, ки мақсади асосии таълиму тарбия ҳамеша ташаккул додани шахсият буд ва ҳаст. Моҳиятан онро омӯзише номидан мумкин аст, ки дар маркази таваҷҷуҳ шахсияти хонанда қарор дорад. Чун амиқтар таҳлил намоем, чиро мебинем? Назарияҳои педагогӣ ба чӣ такя мекунанд?
пешина
аз 142
навбатӣ