Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
ПАЗМОНИ БОРОН
– Қимат, ҳо Қимат!, ин ҳавои хона ин қадар дам аст? – аз дар надаромада бо ҳаяҷон фарёд зад модар. – Ту дар куҷой?
Қимат аз ошхона берун омад. Ду рухсораи мисли лолааш арақшор буд.
– Чӣ кардӣ, ки ҳавои хона ин қадар дам аст? Нафаси кас мегирад.
Модар худро саросема ба ошхона зад ва дар ҷойи худ шах шуд. Дар болои чорсараки оташдони газ чор косаи пури об меҷӯшид, ҳаври об ба тирезаву деворҳо печида, ҳама ҷоро намнок карда буд, ҳаво бе ин ҳам гарм, тобистон, модар нафастанг шуд, бо ғазаб пурсид:
– Ин чӣ кор?
Қимат ангушт зери дандон хомӯш буд. Модар аловро зуд кушт ва дари даромадро калон кушод, то ба хона ҳавои тоза ворид шавад.
– Хонаро қариб сӯзониву... Ақл надорӣ? Духтари калон ту, ҳеҷ намефаҳмам, ки ин корат чӣ маънӣ дорад?
Аз берун садои Норӣ баромад:
– Қимат!
Модар аз айвон ба рӯи ҳавлӣ нигарист.
– Чӣ мехоҳӣ?
– Қимат об меҷӯшонад ё не?
Модар чизе нагуфту ба хона даромад ва аз Қимат сабаби обҷӯшониро пурсон шуд. Духтарак

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё