Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан«РЕ» МЕГӮЯМ МАН БУРРО!
Ман бурро «дар» мегӯям,
Бурро «модар» мегӯям.
Дигар ҳар як ҳарфамро
Ман фаҳмотар мегӯям.
«Ре» мегӯям ман бурро,
Ре! Ре! Ре! Ре! Ре! Урро!
Ору дигар «олу» нест,
Дору дигар «долу» нест.
Карра «калла» не дигар,
Абру дигар «аблу» нест.
«Ре» мегӯям ман бурро,
Ре! Ре! Ре! Ре! Ре! Урро!
Ҳарфам дигар пар дорад,
Парвози дигар дорад.
Аз «Ре» қомам ширин аст,
«Ре» оё шакар дорад?!
«Ре» мегӯям ман бурро,
Ре! Ре! Ре! Ре! Ре! Урро!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё