Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ИДАТ МУБОРАК!

Эй модари ман,
Тоҷи сари ман!

Имрӯз ид аст,
Иди саид аст!

Иди занон аст,
Иди ҷаҳон аст!

Идат муборак!
Идат муборак!

КУКУ

«Ку-ку»-и ту чӣ «ку-ку»?
«Ку-ку»-и ту чӣ некӯ!
«Ку-ку» кунӣ, валекин
Ку, ку, худи ту, куку?!

ЧУМЧУҚ ЧӢ МЕГӮЯД?

Ҷумчуқ «чӣ-чӣ» мегӯяд,
Медонӣ, чӣ мегӯяд?
— Дар мактаби ҷумчуқҳо
Ман аълочӣ! — мегӯяд.

пешина
аз 184
навбатӣ