Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ДАР ШИНОХТИ ШУМОРАҲО

  1. Сифр чист? Як печ аст!
    Дар шумора вай ҳеҷ аст!
  2. Қадди Як расо бошад,
    Ранги як асо бошад!
  3. Ду мисоли ку зебост,
    Ку мисоли Ду зебост.
  4. Се бувад туро дар мушт,
    Се ба сони се ангушт!
  5. Даст агар бубардорӣ,
    Пас дигар худат Чорӣ!
  6. Панҷаат шумору санҷ,
    Ҳар ду панҷаат - ду Панҷ!
  7. Дар навиштан ояд Шаш,
    Сар фурору по даркаш!
  8. Пас, нигар, куҷо шуд Ҳафт?
    Вай камар бубасту рафт!
  9. Чун ду Сифр ҳамсар гашт,
    Ҳосилаш чӣ омад? Ҳашт!
  10. Баъди Ҳашти печон, ӯҳ,
    Саркулӯла омад Нӯҳ!
  11. Сифру Як чу ҳамраҳ шуд,
    Пас шумора ҳам Даҳ шуд!
пешина
аз 184
навбатӣ