Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ОФТОБИ БУМБАЧА

Шаб, ки барояд маҳтоб,
Бумбача хезад аз хоб.
Гӯяд ба шодмонӣ:
— Оҷаҷон, ана, офтоб!

ШАБЧАРОҒ

Кирми шабчароғ,
Зиннати ҳар боғ,
Дар шаби торик
Медорад чароғ.

БАҲОРИ ОСМОН

Шаб омаду хуфт
Кӯҳу чашмасор.
Дарахтони боғ,
Деҳаи Ҳосор.
Торик атроф,
Торик дунё.
Сокит кӯча,
Сокит паҳно.
Дар осмон рехт,
Гули ситора.
Шукуфта баҳор,
Дорад назора.

пешина
аз 184
навбатӣ