Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

КАБУТАРИ СУЛҲ

Андар самои кишвар
Хуршед шуд дурахшон.
Боз о, кабутари сулҳ,
Болои сар пар афшон.

Эй кафтарак, пар афшон,
Эй кафтарак, пар афшон!

Боғу чаман дилоро,
Бин, кӯҳу дашт хуррам.
Бингар Ватан чӣ зебост,
Бигзор гум шавад ғам!

Эй кафтарак, пар афшон,
Эй кафтарак, пар афшон!

Дунёи мост зебо,
Бо сулҳ, эй кабутар.
Дар сар ҳавои дониш,
Дар дида меҳри модар.

Эй кафтарак, пар афшон,
Эй кафтарак, пар афшон!

пешина
аз 184
навбатӣ