Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Чархофалакҳо савор шуда, хурсанӣ мекарданд. Ба дили Комрон чизе намеғунҷид. Ӯ ба хараке, ки байни гулгаштҳои боғ буд, нишаст. Аламаш зиёд шуду чун кӯдак гирист.

Мӯйсафеде, ки бо наберааш ба тамошои боғ
омада буд, ба Комрон нигариста:
— Ҷони бобо, чаро гиря мекунӣ? Роҳгум задӣ?
Биё ман туро ба хонаатон бурда монам, — гуфт.

Дар ҳамин ҳолат ду нафар милиса, ки тартиботи боғро назорат мекарданд, ба онҳо наздик шуданд.

Комрон милисаҳоро дида тарсид. Нимшунаво «ман намехостам кабӯтаракро кушам» гуфт. Ӯ тарафи хонаашон давид.

Мӯйсафед аз рафтори Комрон дар ҳайрат шуда,
дасти набераашро гирифта сӯи чархофалакҳо
рафт.

Комрон ба хонаашон расид. Ҷуръат намекард
дохили он шавад. Аъзои баданаш меларзид.

Дар ҳамин ҳолат падараш аз кор баргашта Комронро дар ҳолати парешонҳолию маюсӣ дарёфта:
— Ҳа, Комрон, чаро назди дар истодай, ба хона намедарой? — гуфта пурсид.

— Падарҷон, ман гуноҳи нобахшиданӣ кардам.
Як ҷонвараки зебояку беозори бегуноҳро куштам.
Намедонам ба рӯи модар ва хоҳаракам — Муниса чӣ хел нигоҳ мекунанда бошам?

— Писарам, дар кӯча гап задан хуб нест. Биё ба хона даромада ҳамаашро ба ман нақл хоҳӣ кард.
Баъд маслиҳат мекунем, — гуфт.

Падару писар ҳарду ба хона даромаданд. Садои

пешина
аз 184
навбатӣ