Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
Хандаи модару Муниса баланд ба гӯш мерасид. Дар болои мизи дарстайёркунии онҳо кабӯтараки сап-сафед, бо пои докапеч лангида-лангида ин тарафу он тараф рафта, аҳли хонаводаро шод карда буд.
Комрон ба чашмони худ бовар намекард.
– Мунисаҷон, дидӣ ман кабӯтараки сафедро накуштаам, дидӣ?
Боз чашмони Комрон пур аз об шуд.
– Писарам, ин рафтори нозебат аввалин ва охирин бояд бошад. Ҷонваракон низ падару модар доранд, зистан мехоҳанд, – гуфта модар Комронро ба оғӯш гирифта аз пешониаш бӯсид.
Падар низ ба суханони модар ҳамроҳ шуда:
– Фарзандонам, табиатро бояд дӯст дорем ва ҳифз намоем, кабӯтари сафед ба тамоми инсонҳои дунё паёми сулҳ ва дӯстӣ меорад, – гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё