Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
УМРИ ДУБОРА
(Афсона)
Буд набуд, Барот ном писараке буд. Ӯ ҳар рӯз баъди дарс бузу гӯсфандонашонро барои чарондан берун аз деҳа мебаровард. Худаш бошад, китоби дарсиашро гирифта, таги чанори пире, ки дар канори деҳа қомат афрохта буд, менишасту мехонд.
Рӯзе ӯ дар сояи салқини ин шоҳчанори солдида нишаста, шоҳиди суҳбати се дарахт шуд. Дар назди чанори пир дарахтони себи хубон ва сарви ҷавон реша давонида буданд.
Чанор мӯйсафеди пиреро мемонд, ки умри дароз дидаву аз зиндагӣ сер шудааст, аммо мурдан намехоҳад. Решаҳояш хеле чуқур ба замин даромадаанд ва ягон боду бӯрон онро афтонида наметавонист.
Себи хубон меваҳои сурху ширин дошт. Афсӯс меваҳояш ҳанӯз нопухта бачаҳо сангшапу кулӯхшап карда, меафшонданд. Бечора себ ҳамеша зери тозиёна буд ва навдаву шохаҳои шикаста.
Сарви ҷавон бошад, қад ба осмонҳо кашида бо вазидани шамол ё насимаке навдаҳои сарсабзаш ба ларза медаромад.
Чанор оҳи сарде кашида:
– Ҳамсояҳои азиз, вақте ки ман ҷавон будам, ҳама аҳли деҳа зери сояи навдаву баргҳои ман омада менишастанду суҳбатҳо меоростанд. Ман аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё