Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Кӣ тиру камон дорад,
Кӣ меброяд ба ҷанги ман?!

Гурги аз дарду алам ба ҷонаш расидагӣ ба дараҷае хашмгин шудааст, ки хостааст Бузакро пора-пора кунад ва қасди азоби худро аз ӯ гирад. Барои ҳамин ӯ дӯғ зада ҷавоб гардондааст:

– Ман хурдам Ҳалули ту,
Ман хурдам Булули ту,
Ман тиру камон дорам,
Ман мебром ба ҷанги ту!

Бо ҳамин дӯғу пӯписа Гург аз хона баромадааст, Бузак аз бом фаромадааст ва ҳарду дар сари хирманҷо рӯбарӯ шудаанд.

Ҷанги Бузаки ҷиннӣ-миннӣ бо Гурги лаънатӣ як шабу як рӯз давом кардааст. Ба ҳамдигар чунон занозану кӯбокӯб кардаанд, ки ҳам шохҳои Бузак кунд шудаанд, ҳам дандонҳои Гург. Аз ҳамин сабаб онҳо ҷангро муваққатан бас карда, барои тез кардани шоҳу дандонҳояшон ба назди усто рафтаанд.

Бузаки ҷиннӣ-миннӣ ба усто як хурма шир ва ҳафт кулча панир дастовез бурдааст. Дастовез бурдани Бузакро Гург дида истода, хостааст, ки тақлид кунад, яъне ӯ ҳам ба усто дастовезе барад. Аммо Гурги лаънатӣ чӣ дорад? Ин сӯ рафта-он сӯ рафта, оқибат як таппак ёфтааст, ки онро дар барги парра печонида, ба усто савғотӣ бурдааст.

Усто дастовези Бузакро гирифта, шохҳои ӯро

пешина
аз 184
навбатӣ