Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

VII

Бузаки ҷиннӣ-миннӣ аз боми Рӯбоҳ фаромада, кофтуковро боз ҳам давом додааст. Боз чанд ҷангалро пай карда, чанд кӯҳу саҳроро тай карда, ин дафъа аз дарёи Туфон гузашта ба хонаи Гург расидааст. Расидаасту ба болои боми ӯ баромада, бо қаҳру ғазаб покӯбӣ кардан гирифтааст. Чунон сахт, чунон бо қаҳру ғазаб кӯфтан гирифтааст, ки аз шифти хонаи Гург коса-коса хок рехтааст.

Гурги лаин, ки то ин дам шиками ӯро бузичаҳо аз дарун мекӯфтанд ва ба азоби алим гирифтор буд, кӯфтани бому рехтани хокро дида истода, аз хашму ғазаб қариб девона шуда, дӯғ зада пурсидааст:

— Кист дар бомаки ларзонаки ман,
Хок мерезад ба дастархонаки ман!?
Ошаки меҳмонаки ман шӯр шуд,
Чашмаки меҳмонаки ман кӯр шуд!

Бузак, ки аз ёфт нашудани Ҳалулаку Булулакаш ниҳоят ба хашм омада, дар ҳақиқат зӯр шуда буд ва дар ин дақиқаҳои шадид метавонист ба дови шеру паланг ҳам барояд, боми Гургро боз ҳам сахттар кӯфта истода, ҷавоб гардондааст:

Манам Бузаки ҷиннӣ-миннӣ,
Ду шох дорам, ду биннӣ,
Ҳарду шоҳам кирминӣ,
Ҳарду бинним хилминӣ!
Кӣ хурдаст Ҳалули ман,
Кӣ бурдаст Булули ман,

пешина
аз 184
навбатӣ