Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

АдабиётКӯдакон
Аз аввал хондан

– Қорӣ Ишкамба!
– Чӯби қоқ! – ҷавоб гардонд Юсуф ва қадамашро суст накарда, бо китфаш маро тела дод.

Ман ҳам, гапи будагӣ, қарздор шуда намондем ва мо дигар тамоми дунёро фаромӯш карда, ба ҳаëху ва хаандуву қаҳқаҳа сар кардем ба «хурӯҷҷанг».

– Бас! – ҳашшосзанон гуфт дар охири Юсуф ва араки сару рӯяшро пок карда илова намуд: – Акнун гарм шудӣ?

Аммо дер нагузашта, ман боз хунук хӯрдам. Шамол торафт сахт мешуд ва кайхо рӯзи калон шуда бошад ҳам, аз офтоб ҳеҷ дарак набуд.

Ба осмон нигоҳ карда, аз остини Юсуф кашидам.

– Юсуф, ҳаворо бин, абр.
Юсуф ҳам бо диққат ба осмон нигоҳ карда гуфт:
– Ҳаво ганда... Чӣ кор мекунем, рафтан мегирем?

– Надоҳам... – гуфтам ман.
– Ҳар чӣ ҳам бошад, мо бачағони хурд будем, акнун ба ёздаҳ-дувоздаҳ қадам монда будем ва дар шаҳр калон шуда, чӣ будани селу туманро дуруст намедонистемку аз ғурроси раъд ва ҷасту хези барқ ба ваҳм меафтодем.

– Гашта равем ҳам мешавад-ку, Ҳошим, лекин обрӯ мерезад-да, – монанди одамони солхӯрда гап зада гуфт Юсуф, ки аз ман як сол калон буда, баъзан ба мангӯë панду насиҳат мехонд. – Баъд бачаҳо масхара мекунанд, ки «фалониҷо тарсончак».

пешина
аз 184
навбатӣ