Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳамин ҳаво ҳам! — бо ҳасрат хитоб кардам ман. — Омада-омада, ҳамин рӯз қавоқу димоғ мекунад. Қасд кардагӣ барин!

Юсуф чашмони калон-калони наздикбинашро ба осмон дӯхта гуфт:
– Зоро кушода шавад?

– Э, Юсуф! — бепарвоёна даст афшонда гуфтам ман. — Биё, рафтан мегирем, гург намехӯрдагист, охир!

Юсуф, ки ҳанӯз чашм аз осмон намеканд, хеле вақт фикр карда истоду оҳиста гуфт:
– Ба ягон рӯзи дигар мононем-чӣ, Ҳошим?

– Қанд занед, Муллоюсуф! — бо истеҳзо гуфтам ман. — Тарсидам гӯй!

– Чӣ? Ман тарсидам? — гӯён гашта ба ман нигоҳ кард Юсуф. — Рафтем набошад!

Дашт то рафт сералаф шуда, қади майсаҳо баланд мегашт. Лолақазоқ хирман-хирман гул карда буд. Ба димогамон бӯи хуши гули шибоғ ва боз ким-чӣ гуна гулҳои дигар мерасид. Аз зери поямон гоҳ малахе ба ҳаво мепарид, гоҳ калтакалосе, ки пӯсти баданаш ҳамранги санг буд, ширрос зада мегурехт.

– Ӯҳ! — беихтиёр нидо кард баногоҳ Юсуф. — Ина бин-а, Ҳошим...

Дар пеши пои Юсуф пату пар, дил ва почаҳои нозуки кадом паррандае паҳну парешон хобида буданд. Дар ҳар ҷо-ҳар ҷо қатраҳои хуни шахшуда намоён буданд.

– Бечора... — гуфтам ман.

– Каҳлик бошад даркор, — тахмин кард Юсуф.

пешина
аз 184
навбатӣ