Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
Сонӣ аз пӯсти навдаи бед нова дуруст карда, дар чанд ҷои роҳи об шаршара сохтем. Баъд аз ин «кор» монда шуда, дар сояи зери бед чак-чак карда нишастем.
Ман гуфтам, ки одам дар ҳамин ҷо хона андозад, нағз мешавад. Юсуф гуфт, ки кас дар ин ҷо даррав зиқ мемонад. Баъд, дар ин ҷо бозор нест, кас чӣ хел карда зиндагонӣ мекунад? Ман эътироз карда гуфтам, ки бо шикор ҳам рӯз гузаронидан мумкин аст. Юсуф гуфт, ки агар милтиқ медоштем, хуб кабк шикор мекардем.
Ин буд, ки шамоли сусте ба вазидан даромад.
Ман ба осмон нигоҳ кардам. Осмонро абри сип-сиёҳ фаро гирифта буд.
— Ҳаво торик шудагӣ барин-а, Юсуф?
Ҳар ду беихтиёр аз ҷойҳоямон ҷаста хестем.
— Наход рӯз бегоҳ шуда бошад? — тааҷҷубам бештар шуда гуфтам ман.
— Рӯз ҳоло барвақт-ку... Лекин сел нашавад мегӯям, — гуфт Юсуф.
Ба диламон ваҳму ҳарос чанг андохт. Агар сел занад, дар ин ҷойҳои ношинос ва беодам ҳоли мо, ҳоли ду бачаи хурдсол чӣ мешавад?
Мо зуд борамонро баста, ба боло ҳаракат кардем. Ҳаво то рафт тира мешуд. Шамол ҳам лаҳза ба лаҳза қувват мегирифт ва моро ақиб тела медод. Боз хеле хунук шуд.
Гулдурр! Гулдурр! - замину замонро ба ларза оварда, чизе дар болои сарамон таркида рафт ва ҳамон дам рӯшноии зӯре чашмамонро хира кард. Шамол гӯё аз раъду барқ мадори нав гирифта буд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё