Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

— Лола! — хитоб кард ногоҳ Юсуф ба сӯи бағалаи кӯҳе давида. (Вай бо вуҷуди хирагии чашмаш ҳамеша ҳар чизро аз ман пештар медид, ки ин хислати ӯ маро бисёр ҳайрон мекард).

Ҳоҷати гап нест, ки лолаи нахустин насиби Юсуф гардид. Ман, ки бо хеле ҳасад дар халтаи Юсуф ғоиб шудани лоларо тамошо мекардам, ногоҳ ба рӯи худ нигоҳ карда, як лолаи калону зеборо дидам ва бо фарёди музаффарона ба сӯяш тохтам. Ин буд, ки Юсуф ба фарёди: «Ана, боз лола!» ба сӯи дигаре давид. Ман бар болои сарам нигоҳ карда боз як тӯда лоларо дидам, дар як ҷо ғуч раста буду қолини сурхи бузургеро ба хотир меовард.

— Юсуф, ин тараф дав, ман қонашро ёфтам! — гӯён боло давидам.

Ҳамин тавр аз ҷое ба ҷое давида болои кӯҳ баромадем ва дар он тарафи кӯҳ ҳам хеле поён фаромадем.

— Бас! — гуфт дар охир Юсуф, — халтаи ман пур шуд.

— Азони ман ҳам пур. Чӣ кор мекунем? Бармегардем?

— Майлаш, — гуфт Юсуф, — дигар дар ин ҷо чӣ кор мекардем? Лекин як авқот карда мегирифтем, нағз мешуд. Бин, ана дар он ҷо чашма будааст, ҷои боб.

Ман ба бағали кӯҳ нигоҳ карда, маҷнунбедеро дидам, ки аз харсанги зери он об баромада, як ҳавзчаи хурде ба вуҷуд оварда буд.

Дар сари чашма хеле нишаста мондем. Аввал нонамонро ба оби софи чашма тар карда хӯрдем.

пешина
аз 184
навбатӣ