Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

...Сел аввали шаб бозистод.

Акаи Миртемир моро то худи дашт гусел карда монд. Вай бо мо даст дода хайру хуш кард.

Андаке роҳ гашта, ба қафо нигоҳ кардам. Чӯпон ба таёқаш такя карда рост меистод ва қомати баландаш дар пеши пардаи хокистарранги осмон боз ҳам баландтар менамуд. Дар пеши пои ӯ ман саги ӯ — Қароро фарқ кардам.

– Хайр! — гуфтам ман бо овози баланд, — раҳмат ба шумо!

– Хайр, — шунида шуд дар ҷавоб овози оромонаи чӯпон.

Мо бо дили шод ва қадамҳои бардам роҳ мепаймудем. Медонистем, ки дар хона моро сарзаниш мекунанд, ҳатто эҳтимол як-ду шаттаи обдор ҳам хӯрем, вале бо вуҷуди он аз чизе хурсанд будем, бениҳоят хурсанд будем, ҳарчанд, ки боиси хурсандии худро намефаҳмидем ва бо сухан ифода карда наметавонистем.

Сабаби хурсандии онвақтаи худро ман баъдҳо, хеле калон шуда фаҳмидам.

Ман фаҳмидам, ки барои одам бузургтарин хурсандӣ — бо одами нағз вохӯрдан будааст.

пешина
аз 184
навбатӣ