Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

БАХТИЁР ҲАМДАМ,
нависанда, номзади илмҳои филологӣ,
устоди Донишкадаи санъат
ба номи Мирзо Турсунзода

Бахтиёр МУРТАЗО: «МО ТАРИҚИ ЗИНДАГИ
АЗ ОҚИЛОН ОМУХТЕМ»

(Мусоҳиба бо аввалин сармуҳаррири рӯзномаи
«Минбари халқ» Бахтиёр Муртазо)

  • Устод, нахустин мактабе, ки инсон дар он таҳсилро оғоз мекунад, мактаби волидайн аст, аз ин таҳсил чизе дар хотираи шумо боқӣ мондааст?

  • Мардуми мо як сухан доранд, одатан вақте ҳарф ё суолатон хуш омад, мегӯянд: «Ҷони гапро гуфтед». Ин суоли Шумо хотироти бисёр амиқи 75-76 сол муқаддамро дар зеҳнам бедор кард. Ман тифли даврони ҷангам, яъне Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Соли 1940 таваллуд ёфтаам, ба шаҳодати падарам 23 май. Вале дар замони мо сабти шаҳодатномагирӣ тақрибан набуд. Танҳо вақте ки понздаҳсола шудам, зарурати гирифтани шаҳодатномаи таваллуд пеш омад.
    Яке нафар бонуи осетин, ки дар шӯъбаи шаҳодатномадиҳӣ фаъолият мекард, ҳатто моҳашро аз ман напурсида сариқалам бо як беэътиноӣ аз пеши худ 4 июл навишт. Дигар ҷои баҳсу талош намонд ва маро аз дар берун карданд... Ҷанг дар тасаввури мо тифлон деви бузургеро мемонд, ки нафаси шумаш то ба мо расида буд. Падарам директори мактаби ҳафтсолаи деҳаи ҳамсоя будаанд ва аз ҳамин вазифа ба аскарӣ рафтаанд. Дар хона яккафарзанд будам, ду тифли дигари волидайнам, ки аз ман пештар таваллуд шудаанд, ба чӣ иллате вафот кардаанд. Бо модар танҳо мондем. Ман ба қавли модарам «хоки даштро лесида» калон шудаам.

пешина
аз 263
навбатӣ