Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Монон бо алоқамандии воқеияти иҷтимоӣ ва корбурди аносири ҳунарӣ мунъакис шудааст. Ҳарчанд дар очеркҳои ӯ инъикоси воқеияти мушаххаси давру замони муайян афзалият дорад, аммо дар тасвир ва нерубахшии ғоя ва рӯҳияи иҷтимоии замон симои муаллиф нақши муҳим мебозад. Маҳз тавассути мавқеи фаъоли муаллиф таҳлилҳо собит, андешарониҳо фаъол, мушкилот ҳал ва тасвирҳо ҷолиб гардидаанд. Ин ҷиҳат очеркҳои ӯро мондагор кардааст.

Очеркҳои проблемавии мондагори нависандаи соҳибистеъдод ва донишманди хуби забони халқ Бахтиёр Муртазо «Оҳан механдад», «Боғбони гули кӯҳӣ», «Ман заминро дӯст дорам», «Хонаи дарё», «Насими Дашти Кокул», «Дарахти пайвандӣ», «Лимӯи тоҷик», «Чанорҳои ёдгор», «Роҳи дилҳо», «Чашмаҷон», «Падари халқ», «Ҳикмати ҷомаи саркор» ва ғайра мебошанд. Ин ҳама корномаҳо, яъне асарҳое ҳастанд, ки муаллиф дар ситоиш ва проблемаҳои аҳли заҳмат эҷод намудааст. Ва ба ҳамин васила роҳи устодони очеркнавис Фазлиддин Муҳаммадиев, Мутеулло Наҷмиддинов, Шодон Ҳанифро муваффақона идома додааст. Адиб ҳамчунин бо роҳи ҷустуҷӯ ва пайдоиш пайсипарӣ намуда, қиссаҳои «Одами ҷавҳардор», «Ман чароғ афрӯхтам», «Чашмаи офтоб» ва романи мустанади «Нақби Истиқлол»-ро моҳирона эҷод намудааст.

пешина
аз 263
навбатӣ