Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

АдабиётМаърифат
Аз аввал хондан

Ва хурсанд мерафтанд. Боре ҳам шунидам, ки ҳамон Шариф-Тӯқсабо бемор будааст. Як пиёларо ҳамроҳ гирифтаму ба аёдаташ рафтам. Рӯи ҳавлӣ таги чанори бузурге хоб буд, дигар ҳарф намезад. Гуфтам шумо дар даври ҷанг барои мо дами гарм мепухтед... Гиря кард. Пиёлаи чигдагулро додам, дастони бемадорашро дароз карда гирифту ба чашм молида паҳлуяш гузошт. Ин охирин «суҳбат»-и мо буд...

Ба донишгоҳ чӣ гуна дохил шудед? Нахустин устоди роҳнамои Шумо кӣ буд?

  • Муҳаббати китоб хондану илм омӯхтанро нахуст дар замири ман падар бедор карда буданд. Баъд аз ҷанг он кас боз дар вазифаи директори мактабу мудири маориф фаъолияташонро идома доданд. Як одати аҷиб доштанд, ҳамеша аз шаҳр баргарданд, ба сифати раҳовард китоб савғо меоварданд. Ба шарофати падар тамоми асарҳои устод Айнӣ ва дигар адибони тоҷикро дар давраи мактабхонӣ қироат карда будам. Шукр мегӯям, ки бобои ман аз тарафи модарӣ машҳур ба Домулло Хоҷа хатмкардаи мадрасаҳои Бухоро буданд ва ба ҳайси муфтӣ дар Қубодиён фаъолият ҳам кардаанд. Аз Бухоро бо як қолину ду сандук китоб баргаштаанд. Дидори он кас ба ман мушарраф нашудааст. Соли 1937 нафаре аз болояшон менависад ва бо ҷурми «душмани халқ» эъдом мешаванд. Китобҳо ба тагоям, ки марди донишманд буд, мерос мемонад. Ҳуруфи арабиасоси форсиро он кас ба ман омӯхтаанд. Бобои падариам Саидмуртазо хатмкардаи мадрасаи Қубодиён буданд. Бародари он кас Саидҷаъфар мударриси мадрасаи Тошқӯргони кишвари Афғонистон будаанд ва аз он кас ду китоб ба мо ёдгор мондааст, Каломи Шариф ва «Бадоеъ-ул Вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ бо хати қаламӣ, ки то ҳол яке аз пурарзиштарин китобҳо дар хонаводаи мо маҳсуб мешаванд. Хондани ҳамин китобҳои арзишманд дар дили ман завқро ба риштаи адабиёт бедор кард.

Дар тақдири минбаъдаи банда ду устод нақши муҳим

пешина
аз 263
навбатӣ