Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

бозидаанд. Яке Устоди маъруфи риштаи шарқшиносӣ Аликул Девонақулов ва дигаре Ҷалил Бобомуродов. Устод Девонақулов курси дусолаи Донишкадаи омӯзгории Самаркандро хатм карда, ба мо сабак меомӯхтанд. Муаллим дарк намуданд, ки донишашон комил нест, боз рӯ ба донишгоҳ оварданд. Аҷиб ин буд, ки вақте эшон дар курси панҷуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекарданд, ман муҳассили курси аввали ҳамин донишгоҳ будам.

Ҳанӯз, вақте ки дар синфи нуҳум таҳсил доштам, Ҷалил Бобомуродов маро ба надашон даъват намуда, хоҳиш карданд, ки вазифаи котиби ташкилоти комсомоли мактабро ба зимма гирам. Баъдтар сабаби сардабири рӯзномаи девории мактаб шуданам низ ҳамин устод буданд, ки ба фаъолияти минбаъдаи ман дар самти комсомол ва рӯзноманигорӣ роҳ кушод. Бубинед, ки аз курси сеюм дар рӯзномаи «Ба куллаҳои дониш»-и таълимгоҳамон ба ҳайси хабарнигор ба кор даъват намуданд ва дар курси чор ним баст дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият мекардам. Дар он ҷо маводи АПН (Агентство печати «Новости»)-ро, ки аз бузургтарин оҷонсии иттилоотии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб мешуд ва дар тамоми ҷаҳон намояндагии худро дошт, тарҷума мекардам. Ҳафтод сӯм маош ва бисту ҳафт сӯм бурси донишҷӯӣ (стипендия) мегирифтам, ки барои зистан дар шаҳри Душанбе хеле кифоят мекард.

  • Нахустин мақолае, ки навиштед...

  • Ман шуморо хуб фаҳмидам. Маҳзабшо Муҳаббатшоев, ки ба ҳайси котиби масъул дар «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият мекард, боре маро даъват намуд. Супориш дод, ки дар бораи ронандаи оддие, ки номзадии худро ба вакилии Шӯрои Олӣ пешбарӣ карда буд, матлабе нависам. Хеле дасту по хӯрдам. Дар бораи як ронандаи оддӣ чӣ менависам? Муҳаббатшоев табассум кард: «Ба автобаза рав, он тарафаш рӯшан мешавад».

Ронандаро ёфтам, ҳоло дар хотир надорам ба кадом

пешина
аз 263
навбатӣ