Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
ноҳияи дурдаст буд, вале ҳамроҳаш ба куҷое сафар кардам. Воқеиятро дар шакли лавҳа бо унвони «Кӯш, то халкро ба кор ой» аз зиндагӣ ва фаъолияти ӯ рӯи қоғаз овардам. Агар ҳамроҳаш сафар намекардам ва ҳаёту фаъолияташро бо ҷон эҳсос намеменамудам, шояд як суҳбати хушк анҷом медодам ва матлаб то ин андоза зинда ва самиҳӣ намешуд. Ба идораи рӯзнома низ писанд омад. Нахустин мақолаи ман, ки дар рӯзномаи ҷумҳуриявӣ нашр шуд, ҳамин буд.
-
Мехоҳам аз як матлаби хеле маъруфи Шумо «Наҳанги ҷумҳурӣ» ёдовар шавам, ки ҷомеаро сахт такон дода буд. Шумо баъд аз нашри он мавриди таҳдид ё таъқиб қарор нагирифтед?
-
Таҳдидҳо зиёд буданд. Ёд дорам, ҳамон вақт дар вазифаи мудири шуъбаи сиёсат ва ҳуқуқи рӯзномаи «Садои мардум» фаъолият доштам.
Зиндаёд Муродуллоҳ Шерализода ба хотири ин, ки дар рӯзноманигорӣ таҷриба доштам, маро аз маҷаллаи «Садои шарқ» даъват карда буд. Бо мавсуф рафиқи наздик будем ва ҳатто чанд нафар аз болои ӯ шикоят бурданд, ки дӯстонашро ба кор гирифтааст. Боиси ифтихор аст, ки ҳамон солҳо шодравон Акбари Сатторро худам шахсан бо ӯ суҳбат карда, ба кор даъват намуда будам. Пас аз ду-се сол маро муовини сардабир таъйин карданд ва ман ба вазифаи мудири шӯъба номзадии Акбарро тавсия додам, ки бо вуҷуди ҷавон буданаш хеле боистеъдод буд...
-
Бармегардем сари баҳси мақола...
-
Бале, ҳамон солҳо доир ба фаъолияти вазири ғалла як мактуби шикоятӣ омад. Вазорат нав аз «километри нӯҳум» ба бинои парлумон кӯчида буд. Ба назди вазири ғалла Абдумалик Абдуллоҷонов рафтам. Аслан байни мо ҳеҷ ғараз ва ё кина набуд. Гуфтам, раиси муҳтарам, ба идораи нашрия як матлаби танқидӣ ворид шудааст, мехоҳам ба баъзе суолҳо аз Шумо посух гирам. Ба «мақолаи танқидӣ» сарсαρӣ назар афканду авзояш дигар шуд. Зуд кулоҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё