Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
ТОЛИБИ ЛУҚМОН,
шоир, мудири шӯъбаи Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон
ДАР ОИНАИ ХАЁЛ ҲАҚРО БИНАД
Нависанда ва публисисти маъруфу машҳури тоҷик Бахтиёр Муртазо чанде пеш соҳиби унвони пурифтихори Нависандаи халқии Тоҷикистон шуд.
Мавсуф аз солҳои шастуми қарни гузашта чун публисисти борикбину тарҷумони хушзавқ вориди адабиёти тоҷик шуд ва дар имтидоди солҳо дар ин ду шоҳаи адабиёт асарҳои арзишманду хонданиеро ба хонандагон пешкаш кард. Аз зумраи онҳоест, ки бо очеркҳои бозтобдиҳандаи масоили муҳими рӯзгори халқ ба адабиёт пайваст ва бо мурури солҳо ба устоди чирадасти ин навъи адабиву публисистӣ табдил ёфт. Хонандагон маҷмӯаҳои қиссаву очерку ҳикояҳои «Боғбони гули кӯҳӣ», «Қасидаи бародарӣ», «Чанор дар Солони», «Ҷӯйи Навдиз», «Чашмаи Офтоб», «Ман чароғ афрӯхтам», «Накби Истиқлол», «Нуҳ чанори Балҷувону Баҳманрӯд», «Ҷавпазак» ва ғайраро мутолиа кардаанд. Муҳимтарин хусусияти очеркҳои Бахтиёр Муртазо омезиши нозуконаи воқеияту тахайюл ва бадеият мебошад. Дар ҳамин нуқта нигоштаҳои ӯ ба асарҳои бадеӣ табдил ёфтаанд.
Ҳоло мо маҷмӯаи осори публисистии мавсуфро, ки бо номи «Хӯшаҳо аз киштаҳо» дар ду ҷилд ба тозагӣ чоп шудааст, зери даст дорем. Ин ду китоб фарогири бисёр асарҳои таълифкардаи муаллифанд ва масири эҷодии ӯро хеле равшан нишон медиҳанд. Мо ба хотири ворид шудан ба коргоҳи эҷодӣ ва огоҳии бештар ёфтан аз рӯзгору осори ин нависандаи номвар сари мизи суҳбат нишастем, ки инак фишурдаи он ба хонандагон пешкаш мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё