Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
-
Шумо аз оғози фаъолияти эҷодиётон ба публитсистика, ба вижа ба муҳимтарин ва душворитарин жанри он — оҷерк рӯй овардед, дар ҳоле, ки қудрат ва маҳорати эҷодиятон барои иншои асарҳои сирф бадеӣ кофӣ буд. Чӣ ангезае Шуморо ба ин пайроҳа овард?
-
Вақте ки дар синфи нуҳуми мактаби миёна таҳсил доштам, рӯзе омӯзгори забон ва адабиётамон даъват намуда, гуфт, ки муҳаррири рӯзномаи девории синф мешавӣ. Муҳаррирони рӯзномаҳои девории дигар синфҳо фаъолона кор кардан доранд. Ту бояд аз онҳо қафо намонӣ!
Муаллим роҳбари синфамон буд ва огоҳӣ дошт, ки ман аз синфи чорум ба рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» обуна шуда, аз ҳаёти ҳамсолон мақолаҳо менавиштам ва нигоштаҳоям дар саҳифаҳои ин рӯзнома ва рӯзномаҳои ноҳиявӣ пайваста дарҷ мешуданд.
-
Муаллим, дар синф дигар бачаҳо ҳам ҳастанд, як ҳафта шуд, ки бо тавсияи шумо котиби ташкилоти комсомолӣ интихоб гардидам, - ҷавоб додам бо сари ҳам.
-
Бахтиёр, ту муҳаррири рӯзномаи деворӣ ҳам мешавӣ ва бовар дорам, ки ҳар ду вазифаро бо масъулият анҷом медиҳӣ.
Ба ҳамин минвол супориши устоди мактабиро пазируфтам ва он айём ҳеҷ вуқуфе надоштам, ки фаъолият дар рӯзномаи созмони комсомолӣ дар сарнавиштам сабт будааст. Дере нагузашта ин аён гардид.
Соле, ки кайҳоннаварди нахустини ҷаҳон Юрий Алексеевич Гагарин парвоз намуда, оламиёнро дар ҳайрат гузошт, ман дар курси сеюми шуъбаи филологияи Донишгоҳи миллӣ таҳсил доштам ва бо дӯстам Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ, ки дар курси чорум мехонд, дар рӯзномаи таълимгоҳамон «Ба қуллаҳои дониш» кор мекардем. Чун хабари таърихиро аз забони наттоки машҳур Левитан шунидем, мо ҳамон рӯз ба дарс нарафта, ба идораи рӯзномаи донишгоҳ омадем ва барои нашри рӯзнома мавод таҳия на-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё