Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

мудем. Аз номи шарикдарсон ва ҳатто аз номи устодон ба ин муносибат мақолаҳо навиштем.

  • Ин шумораи рӯзнома бе шеър намешавад, - гуфт Мазҳабшоҳ, - ба он утоқи паҳлу гузашта, ягон фикр бикун.

Аслан, ҳанӯзе ки ба тарафи идораи рӯзнома меомадем, раҳораҳ баъзе сатрҳо дар зеҳнам пайдо шуданд. Ҳамин тавр, иборат аз се банд қитъае навиштам, ки Мазҳабшоҳ писандид ва он шеър дар саҳифаи аввали ҳамон шумораи рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш» интишор гардид. Шеър «Даври нав» ном дошт ва афсӯс, ки ҳоло фақат банди аввалаш дар ёдам мондааст:

Кошифи асрори қалби коинот
Ин саҳар аз мулки мо парвоз кард.
Гулгулафкан шуд ба олам ин нидо,
К-ӯ ба гардун даври нав оғоз кард!

Ҳамон рӯз то бевақтӣ кор карда, соати сеи шаб рӯзномаро чоп намудем. Сипас саҳифаҳои гарми нав аз мошинаи чопи Хонаи матбуот баромадаро дар бағал гирифта, ба тарафи хобгоҳ роҳӣ гаштем. Мо аз он мамнун будем, ки шояд дар саросари мамлакат «Ба қуллаҳои дониш» яке аз он рӯзномаҳое бошад, ки хабару мақолаҳояш комилан ба парвози Гагарин бахшида шудаанд.

Ҳамин тавр, ман кори рӯзномаро сидқан дӯст доштам ва дар даврони донишҷӯӣ маро ба вазифаи ходими адабӣ ба идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») даъват намуданд.

Сармуҳаррири рӯзнома нависандаи донишманд, публисисти машҳури ҷумҳурӣ Мӯъмин Қаноат буданд. Он солҳо дар диёрамон сохтмонҳои неругоҳи Норак, обёрии заминҳои Ёвон, Масчоҳи нав, Зафаробод, бунёди корхонаҷоти дӯзандагии Истаравшан ва ғайра ҷараён доштанд. Рӯзномаи ҷавонон ҳафтае се маротиба ва бо теъ-

пешина
аз 263
навбатӣ