Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Силсилаи навиштаҳои публитсист ба ман бештар очерки «Садди сойи Оби Шӯр» мақул афтод. Дар ин асар лаҳзаҳои зиёде нест, зоҳиран танҳо як лаҳзае ҳаст, ки гумон мекунед ба василаи вай муаллиф тамоми мушкилоти ин сохтмон ва азму иродаи бунёдкоронро бозгӯ намудааст. Мақсад дар ин лаҳза пайдо кардани роҳи безарар гардонидани таъсири обхезиҳо дар ин сой ба сарбанди неругоҳ аст. Тарзи эҷоди ин очерк тасвирӣ аст, нависанда гӯё ҳузур надорад, аммо аксе ё ҳатто расме, ки ӯ бо сухан кашидааст, хонанда равшан мебинад. Ин расм дар мисоли овозаву бадгӯӣ ва ҳақиқати воқеии ин сохтмон, тасвири зиндаи воқеаҳо ҳикоя мекунад. Сабки эҷод бештар ба очерки проблемӣ-лирикӣ мемонад. Қаҳрамон шахс не, воқеа аст.

Тарзе гуфтем, дар очерк ду чиз хислати барҷастаи конфликтсозӣ дорад. Яке — шубҳа ва дигаре — воқеият. Ҳатто директори генералии Неругоҳи барқи обии Роғун дар аввалҳои кораш ба овозаҳо бовар карда ба худ меандешид, ки «Ба ҳунари муҳандисони лоиҳасози муассисаи «Гидропроект»-и шаҳри Маскав эътимод бастан мумкин. Аммо ман аз он дар ҳайрату шигифтам, ки чаро ба тӯли бист соли аввали сохтмони неругоҳ ин садро насохтаанд? Дар он даврони шӯравӣ имконият фаровон буд, лекин бо кадом сабаб бошад, ки ба сохтмони чунин садди муҳим даст назадаанд. Роҳбари кулли сохтмони неругоҳ Николай Григориевич Савченков муҳандиси пуртаҷриба, саркардаи қудратманд ҳисоб меёфт, ғайр аз ин вазифа боз якчанд мансабҳои баландмартабаро ишғол намуда буд. Аммо ба сохтмони ин садди сойи Оби Шӯр чандон аҳамият надоданаш, ба ман муаммои сарбастаасту халос». (1.17) Он чиз барои роҳбари нави сохтмон муаммои сарбаста буд, барои иддаи дигар гумонҳои бадтареро ба миён меовард: нотавонӣ, гумроҳӣ, ҳатто хиёнат. Фақат дертар, баъди шиносӣ ба маҳал ва сӯҳбат бо калонсолони деҳоти гирду атрофи сой роҳбари нав мефаҳмад, ки «Савченков ҳафт сол қабл аз оғози сох-

пешина
аз 263
навбатӣ