Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
мерасонад, ки ӯ дар ҷойи рост истодааш аз ҳисси ҳаяҷон ва харобии аъсоб ба лаҳзае худро гум намуда, аз бавл шимашро тар мекунад. Ва ба ин роҳбари кӯтоҳандеш чизе намегӯяду бо ҳамин шими таршудааш мустақиман ба қабулгоҳи Раиси Кумитаи амнияти давлатӣ меояд...
Мегӯянд, ки он муовин бо ҳамин аз вазифа сабукдӯш гардида, ба куҷое ғайб задааст». (2.201)
Дар эҷоди публитсистии Бахтиёр Муртазо ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам дар давраи истиқлолият мавзӯи саноат мавқеи хосае дорад. Агар дар давраи аввал ӯ асосан дар хусуси сохтмони азими аср - роҳи оҳани Байкалу Амур (БАМ) ва коргарони корхонаҳои саноативу иншооти барқии Тоҷикистон навишта бошад, дар замони истиқлол ӯ аз зумраи публитсистони камшуморе маҳсуб меёбад, ки дар мавзӯи сохтмони нақбҳои мошингарди Тоҷикистон ва сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун бисёр кордонона ва самимона роман, очерк ва мусоҳибаҳо навиштааст. Дар хусуси БАМ дар дуҷилдаи Бахтиёр Муртазо дар ҳудуди 20 асари публитсистӣ ворид шудааст ва мазмуни онҳо ба корнамоию қаҳрамонии ҷавонони шӯравӣ умуман, ҳиссаи фиристодагони Тоҷикистон аз ҷумла бахшида шудааст. Аз дили тайга роҳ кушодан, мушкилоти убур кардан аз ботлоқҳои касногузарро нишон додан, азму иродаи ҷавононро барои ободу ба зиндагӣ мувофиқ гардонидани ин минтақа васф намудан, маҳсули дӯстии халқҳо будани натиҷаҳои бузурги сохтмонро дар қолаби зебои эстетикӣ баён доштан, дар ҳамин аст мақсаду мароми нависанда дар ин очеркҳо. Мо дар заминаи сохтмони ин иншооти бузург ташаккулёфтани синфи коргари тоҷикро равшан эҳсос менамоем ва ифтихори адибро аз кору пайкори ҷавонони номвари тоҷик дарк мекунем. Дар ин очерку мусоҳибаҳо барои абад ному кори неки он фарзандони миллати тоҷик, ки барои ободгардонии тайга заҳмат кашидаанд, сабт аст.
Дар мавриди сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё