Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Афсарон гумон мекарданд, ки ин маблағҳоро падараш мефиристад.
– Аҷиб, – мегуфтанд онҳо, – падарат барои ту тин ҳам мефиристад, мана, бубин, «35 сӯму 07 тин»?!
Боре як афсар гуфт:
– Ту ба аскарӣ не, ба сафари хизматӣ омадай...
Чун командири қисми ҳарбӣ огоҳ шуд, ки Бахтиёр аз нашрияҳо очерку мақола навишта, ҳаққи қалам мегирад, ба ҳузури худ хонд ва хитоб кард:
– Э, ту тоҷикписари босавод будай! Мешудаст-ку, аз куҷо русидон шудӣ? Писарам, навис! Бистсолагии Ғалаба наздик аст, навис. Ту обрӯи қисми ҳарбии мо, ту забони дарози афсарони мо, ту нависандаи мо! Ихтиёр дар дасти худат, ту озод! Навису навис!
Ҳамин тавр, ӯро аскарону афсарон «Писател» гуфта ном мебурданд, ҳатто нашрияи «Часовой Родины» («Посбони Ватан») ба кор даъват намуд.
Донистани забону китоб хондан Бахтиёрро хор накард, азиз кард!
Соли 1965 Бахтиёр Муртазо аз хизмати Ватан баргашт. Муҳаррири нашрияи «Комсомоли Тоҷикистон» Абдулло Зокир ҳамоно ӯро мудири шӯъбаи тарғибот тайин намуд, ки шӯъбаи «вазнин» мегуфтанд. Аммо баъди ду-се сол Бахтиёрро Маскав ба Афғонистон, ки он замон кишвари орому осуда буд, ба сифати тарҷумон фиристодан хост. Абдулло Зокир гуфт:
– Нарав, писар. Ту котиби масъул, баъд муовин мешавӣ.
Бахтиёр розӣ нашуд. Одаму олам шинохтану дидану омӯхтан табиати ӯст. Аз тамоми имтиҳону санҷишҳо гузашт ва тобистони соли 1969 Вазорати нақлиёти Иттиҳоди Шӯравӣ ба сифати тарҷумони гурӯҳи роҳсозони Пули Хумрӣ – Мазори Шариф – Шибиргон вориди хоки кишвари ҳамсоя шуд. Як сол баъд тарҷумаи асари Стендал – «Сурх ва сиёҳ» пеш омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё