Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Ҳини тарҷумонӣ Бахтиёр ба зудӣ ҳис кард, ки забону лаҳҷаи афғонҳо як дараҷа мураккаб аст, чун ягон мутахассиси афғон бо корманди рус сухан мекард, ҳар ҷизро мунтазир шудан мумкин буд: вай дар як ҷумла гоҳо калимоти арабию паштуниву англисиву ҳинду ва лаҳҷаи маҳаллии худро беистиҳолаю бепарво ба забон меовард ва рӯзи дароз тарҷума кардани ин гуна алфоз ва боз ба забони модарӣ неву русӣ майнаро гиҷ мекард. Бар замми ин калимот соф техникӣ буданд. Масалан, афғонҳо попушро «чаплӣ», чархболро «хилукаптер», бензинро «петрул», солидолро «грис», роҳро «сарак», бананро «кела» мегуфтанд ва ғайра. Болои сӯхта намакоб, фурсати фароғат набуд, кисаҳо пури пул, ҳар замон иду айём фаро мерасад, гоҳ иди тоҷикиву гоҳ иди шӯравиву гоҳ иди афғонӣ... Ва боре ба худ гуфт: «Рафиқ Бахтиёр, ин аҳвол туро фано хоҳад кард, як соли дигар хизмат мекуниву на саломатӣ мемонад, на завқу илҳом, на забони модарӣ, на адабиёт. Бар аз ботлоқ!..»
Аммо роҳи халосӣ кадом аст? Хушбахтона, рухсатӣ фаро расид. Бахтиёр ба Тоҷикистон баргашт ва як моҳи дароз дар сари андешаи баромадан аз ботлоқи ҳузуру халовати истеъдодкуш шуд. Рӯзе дар ҷевони китобаш асари Стендал ба чашмаш расид: «Сурх ва сиёҳ»! Китобро гирифту бори дигар хонд ва қарор дод, ки ба тарҷумаи тоҷикии он машғул шавад. Яъне ҳам забон меомӯзад, ҳам забони адабии худро такмил медиҳад, ҳам вақти истироҳатро дигар бо хӯрдану хобидан сипарӣ намекунад.
Албатта, то ин замон ӯ як китоб, «Роҳи Каҳкашон»-и Чингиз Айтматовро тарҷума карда буд, яъне таҷриба ҳам дошт, вале ба чопи «Сурх ва сиёҳ» чандон бовар надошт, ҳадафаш аз ин кор танҳо ба ҳамон ботлоқ, ки дар боло ишора намудем, фурӯ нарафтан буд.
Бахтиёр чанд китоби луғат дарёфт намуда, ба ҷомадон ниходу дубора ҷониби Афғонистон роҳ пеш гирифт. Дар ҷомадони ӯ китоби «Ҷанг ва сулҳ»-и Лев Толстой низ буд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё