Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ки устод Ҳабиб Аҳрорӣ тарҷума кардааст. Раҳораҳ ва ба манзил расида онро мутолиа кард, омӯхт ва чанд дафтар харида, ба кор сар кард. Барои тарҷума Бахтиёр рӯзе се соат фурсат дошт, субҳидам, аз соати 4 то 7 ва рӯзҳои истироҳат. Рӯзона дар кор буд, бегоҳ хаста бармегашт. Баъди баргардонидани чанд саҳифа боре ба худ қарор дод, ки то ҳадди имкон тарҷумаро комил анҷом медиҳад ва ба Тоҷикистон баргашта, ба чоп месупурад. Албатта, як «хатар» таҳдид мекард: мабодо дар ин миён нафари дигар «Сурх ва сиёҳ»-ро ба тоҷикӣ баргардонад? Хушбахтона, ин тарс монеъ нашуд...

Кори тарҷума Бахтиёрро аз тамоми ташвишу фикру хаёлҳои ҳазён, зиёфатравию зиёфатхӯрию нишастҳо ва гуфтугӯи беҳуда бо ҳамкорону мардуми таҳҷойӣ халос кард. Тамоми фикру андеша ва нерӯйи ӯ ба ҳамин кор равона шуд. Ҳар субҳидам баробари бонги азони муаззини масҷиди Мазори Шариф бедор шуда, қалам ба даст мегирифт ва тадриҷан саҳархезӣ одат шуд. Воқеан, коре ки одам субҳидам анҷом медиҳад, сара мешавад. Соли аввал сеяки китоб тарҷума шуд ва муҳлати хизмати Бахтиёрро боз ду соли дигар тамдид карданд. Саҳифаи боқимонда то поёни муҳлати хизмат баргардон шуданд...

Соли 1973 Бахтиёр боз ба Тоҷикистон баргашт. Асар мошинканавис шуда буд. Акнун нафаре донишманд онро бояд мехонд ва баҳо медод. Ин вазифаро шоири он замон ҷавони тоҷик — Гулназар ба уҳда гирифт, ки муовини муҳаррири нашрияи «Комсомоли Тоҷикистон» буд ва ҳамин тавр, ӯ хонандаи нахустини «Сурх ва сиёҳ» дар забони тоҷикӣ шуд.

— Тарҷумаи олиҷаноб, ба завқ хондам, муборак бошад! — хушҳолӣ кард Гулназар. — Ба нашриёт супор, дӯстам!

Баҳои Гулназар Бахтиёрро дилпур ва хурсанд кард.

Дар нашриёти «Ирфон» тарбуз аз бағали Бахтиёр ғалтид. Дуруст, ки Анора Остонова, муҳаррири нашриёт таъ-

пешина
аз 263
навбатӣ