Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

анд. Боре он кас ба ҳуҷраи Шамсӣ Собир даромада, ӯро дар сари мутолиаи дастнависе дида мепурсанд:
– Чӣ мехонед?
– Тарҷумаи «Сурх ва сиёҳ»-и Стендал.
– Эҳа-а, ин тавр бошад як-ду саҳифа хонед, – хурсанд шуда мефармоянд Сотим Улуғзода.

Шамсӣ Собир нақл мекунанд, ки ду не, ҳашт саҳифа хондам, аммо устод сарҳаму хомӯш менишастанд. Гумон бурдам хобанд. Гуфтам, ки «Устод, ҳашт саҳифа шунидед...» Устод сар бардошта ҷавоб доданд:
– Нағз, тарҷумон кӣ? Худатон?
– Не, Бахтиёр Муртазо.
– Тарҷумаи нағз!

Баъдтар, дар суҳбати хосе устод Улуғзода вобаста ба тарҷумаи «Сурх ва сиёҳ» қайд кардаанд, ки Бахтиёр Муртазо аз вазни арӯз огоҳӣ доштааст, ки тарҷумаи баъзе ҷумла ва ҳатто баъзе бандҳо оҳанги шеър гирифтаанд.

Эътирофи устод Улуғзода баҳои баландтарин буд ва ба чопи китоб дигар шубҳа намонд. Шамсӣ Собир дар вараке кӯтоҳ хулосанома навишт: «Тарҷумаи асари «Сурх ва сиёҳ»-и Стендал аз ҷониби Бахтиёр Муртазо пурра ба чоп омода аст. Ман бо дасти худ имзо кардам». Баъди чанд сол «Сурх ва сиёҳ», ки онро вақоеъномаи асри XIX меноманд, бо теъдоди на 4 ҳазор, балки 10 ҳазор адад рӯйи чоп дид...

Китобхону китобдӯстдор дар замони шӯравӣ зиёд буд, муболиға намешавад, агар гӯем, ки тамоми ҷавонон китоббадаст буданд. Аз ин сабаб чун радиои мамлакат «Сурх ва сиёҳ»-ро пора-пора ба шунавандагонаш пешкаш намуд, ба идораи он ва ҳам ба унвони тарҷумон даста-даста мактуб омад. Мазмуни ду нома дар хотири Бахтиёр сахт нақш бастааст. Ҳокими Азиз гуфта буд, ки «аз радио як барномаро гӯш карда, ба китобхона рафтам ва 12 ҷилди осорҳои Стендалро пайдо карда хондам». Дигаре нигошта буд: ин асарро ошиқ ошиқона тарҷума кардааст... Ҳамчунин, рӯз-

пешина
аз 263
навбатӣ