Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Номанигори шинохта Фахриддини Холбек «Сурх ва сиёҳ»-ро вақте мутолиа кард, ки шогирди синфи 8-ум буд ва рӯзи дигар ба шаҳр рафта, аз мағоза чанд нусхаи дигар гирифта, ба ҳамсинфонаш туҳфа намудааст...
Воқеан забони Стендал ширин, вале мураккаб ҳам ҳаст, ҷумлаҳои сода одатан дар муколамаҳо ба назар мерасанд, ҳангоми шарҳу тафсиру тасвиру баёни андеша адиб доди сухан дода, ҷумлаҳоро мураккаб месозад ва миқдори калима дар як ҷумла аз сад ҳам мегузарад. Тарҷумон бояд сабк, забон, мазмун, ишораҳо, оҳанги баёни муаллифро ба эътибор гирифтаву барбод надода, дар айни замон барои хонандаи тоҷик асаре бояд пешкаш менамуд, ки дар он фақат номи муаллифу қаҳрамонону шаҳру мавзеъ тоҷикӣ нестанд. Зиёда аз ин «Сурх ва сиёҳ» романи романтикист, муҳаббату ғафлати фоҷиа қариб ҳамеша ба ҳам омехтаанд ва ҳар саҳифа пур аз калимотест, ки ифодагари эҳсосу дарки мухталифанд.
Роҳи эҷодии Стендал (Номи аслии ӯ Мари-Анри Бейл), мураккаб ва пуршебу фароз аст. Вай соли 1783 дар шаҳри зебоманзари Гренобли Фаронса таваллуд шудааст. Азбаски модараш барвақт аз олам мегузарад ва падараш нисбати тақдири ӯ бетафовут буд, бобояш ӯро тарбия медиҳад.
Стендал шашсола буд, ки дар Фаронса инқилоб сар зад ва ин воқеа ба ташаккули ҷаҳонбинии ӯ бетаъсир намондааст.
Соли 1799 Стендал ба Париж меояд - орзу дошт дар Мактаби политехникӣ таҳсил намояд, вале соли пас мафтуни ғоя ва шуҳрату салтанати Наполеон шуд, дар ҷанги Итолиё иштирок ҳам кард. Мегӯянд, ки соли 1812 ба ҳайати лашкари Наполеон шомил буд ва то ба Маскав омад, аммо адиби оянда аскар набуд, тиру тӯфанг ба даст нагирифт, балки хоҷагидорӣ кардааст. Вақте лашкаркаши рус Кутузов Маскавро тарк намуду муваққатан ба ихтиёри Наполеон вогузошт, шоҳиди оташ гирифтани шаҳр ҳам буд.
Баъди ҷанг ва шикаст хӯрдани Наполеон Стендал боз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё