Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
истеъдоди Стендалро пай бурланд. Ногуфта намонад, ки файласуфи немис Фридрих Нитсе Стендалро «вопасин равоншиноси Фаронса» гуфтааст. Максим Горкий дар васфи роман чунин навиштааст: «Сурх ва сиёҳ»-ро метавон силсилаи «мактубҳо ба фардо» унвон дод».
Ҳамин тавр асар машҳур гардид. Ба эҷоди ин роман воқеае сабаб шуд, ки дар саҳифаи ахбори ҷиноии як рӯзномаи маҳаллӣ чоп шуда буд. Стендал он воқеаро ба таври худ обуранг дод, аз худ иловаҳо намуд ва ниҳоят асаре офарид, ки ба шарофати он имрӯз Стендалро асосгузори романи психологӣ меноманд.
Як шаҳраки музофотӣ, мактаби динӣ, хонаи ашрофе дар Париж, ки дарборро мемонад, зинаҳои рӯзгори симои асосии романи «Сурх ва сиёҳ» Жюлен Сорел ҳастанд. Муаллиф тарзи зиндагии се табақаи «соҳибони ҷоҳу ҷалол»-и Фаронсаро ба риштаи тасвир кашидааст.
Жюлен Сорел писари дуредгар ва сокини шаҳраки Верер аст. Ҷавони хушчеҳраест, ҳофизаи қавӣ дорад, забони лотиниро медонад, чанд китоби диниро аз ёд намудааст, ҷавонест ҷӯянда, дар зиндагӣ мақому мартабаи хос пайдо карданист. Барои ба мақсад расидан вай дар сари дуроҳае қарор гирифтааст: ё аскару афсар шавад, ки инҳо одатан либоси сурх ба бар менамоянд, ё роҳиб бошад, ки либоси роҳибон сиёҳ аст. Аз ин сабаб унвони роман «Сурх ва сиёҳ» мебошад. Стендал дар асари безаволаш тарзи ҳаёти замони баъд аз сукути салтанати Наполеонро тасвир намудааст. Аз ин сабаб Жюлен Сорел наметавонад аскар бошаду ба ҷоеву мақоме бирасад. Аз ин сабаб ӯ либоси сиёҳ ба бар мекунад...
Дар асл Жюлен ба ҳар ду — одами низомӣ будану роҳиби машҳур шудан шавку муҳаббат надошт, ин ду василаро вай барои соҳиби мансабу ҷоҳу ҷалол шудан интихоб намуд.
Жюлен ба зудӣ мураббии фарзандони ҳокими шаҳри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё