Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба Париж баргашт. Акнун ба ҷангҳо ва лашкари Наполеон нафрат дошт, зеро бо чашми худ дид, ки аскари бовиқори дирӯза, ки лофи мардонамию ватандӯстӣ мезад, ба авбоши бевиҷдон, ғосибу ғоратгар табдил ёфт. Стендал дар Париж зиёд истода натавонист, ба Итолиё рафта, шаҳри Миланро истиқоматгоҳи худ қарор дод. Зиндагии душворе пеш омад, зеро пул надошт. Рӯзе хабар ёфт, ки барои мақолаю очерку хабарнома нашрияҳо ҳаққи қалам медиҳанд. Ӯ қалам ба даст гирифта, дафтари хотирашро варақ зад ва хабару мақола, очеркҳо дар бораи рассомон, муҳандисон, бастакорон, ҳатто намоишномаҳои мазҳакавӣ ва сафарномаҳо навишт. Аммо фикри адиб шудан надошт, аз ин хусус тамоман фикр намекард.

Мегӯянд, ки Стендал китобхони ашаддӣ буд, агар асаре мавриди писанди ӯ ояд, оламу одамро фаромӯш мекард — ӯро ҳолате пеш меомад, ки вуҷудаш карахт мешуд, касеро намешинохт, ба саволе ҷавоб намедод, ҳатто аз ҷой намеҷунбид, танҳо ангуштонаш ва чашмонаш «зинда» менамуданд. Албатта, ин як навъ беморист ва имрӯз чунин бемориро «синдроми (ҳолат, аломот) Стендал» меноманд.

Дар ин солҳо Стендал ба омӯхтани забони итолиёвӣ ва англисӣ машғул шуд. Ниҳоят ӯ ба эҷоди новелла ва повест даст зад. Соли 1822 рисолаи ӯ «Дар бораи муҳаббат» иншо шуд, баъдтар романҳои «Дайри Парм», «Арманс», «Люсен Левен» эҷод шуданд. Аммо ин асарҳоро ноширон чоп накарданд, зеро мавриди танқид қарор гирифтанд. Аслан асарҳои хубанд, вале ғояҳои озодандешӣ, танқиди бедодгарӣ, ҷабру зулм, махсусан мавриди истеҳзо ва масхара қарор гирифтани рӯҳониён, ки дар романҳо мавқеи хос ишғол менамуданд, ба дигарон хуш наомад.

Ҳатто романи безаволи «Сурх ва сиёҳ» дар зиндагии адиб машҳур нашуд. Танҳо баъди маргаш, баъди он ки чанд донишманд, аз ҷумла Александр Пушкин эътироф намуданд, фаронсавиҳо бузургу нотакрор будани ҳунару

пешина
аз 263
навбатӣ