Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Тақрибан соати дуи шаб буд, ки ман саҳифаҳои барои чоп тайёрро бо имзо супурдам. Ва ба чопгар рақами телефонро дар коғазе навишта, тақдим кардам.

  • Ба ҳамин рақам занг занам? - пурсон шуд чопгар, - ҷавон, эҳтиёт шав, боз хобат набарад, баъди соати чор тайёр мешавад.

  • Хотирҷамъ бошед, бародар, - оромона ҷавоб додам ман.

Дар ҳақиқат чопгар баъди соати чори субҳ занг зад ва ман бори аввал саҳифоти дар қўрғоҳии рехтаро дар мошини чоп дида хеле ҳайрон шудам. Сонӣ чопгар як даста рӯзномаҳои нав чопшударо мисли нони аз танӯр канда ба рӯйи дастонам гузошт. Саҳифаҳои рӯзнома ҳақиқатан ҳам нони танӯрӣ барин гарм буданд. Мувофиқи қоида мавқеи суратҳо ва саҳифаҳоро дида, сипас дар бари рӯзнома «Ба чопаш иҷозат»-гӯён имзо гузоштам.

Мошин бо суръати баланд ба ҳаракат даромада, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон»-ро ба теъдоди ҳаштоди ҳазор чоп менамуд.

«Ҳамин шумораҳо ба саросари ҷумҳурӣ паҳн мешаванд ва ба баъзе минтақаҳои олам низ мераванд, - аз дил гузарондам ман, - агар дар ягон ҷо хатое роҳ ёфта бошад, пас чӣ мешавад?»

Ва беихтиёр як шумораро гирифта, ба мутолиа шурӯъ намудам.

  • Чӣ шуд, магар хато гузаштааст? - пурсон шуд чопгар.

  • Не, хатое нест, ин шумораи рӯзнома хеле шавқовар аст, барои ҳамин қироат менамоям, - гуфтам ба ӯ.

Ба ҳамин минвол рост истода рӯзномаи маҳбуби худро таҳти оҳанги мошини чоп бори сеюм мутолиа намудам. Ба назарам ҳеҷ хатое ва ғалате нарасид...

Пас аз гузашти солҳо ин воқеаро ба як ҳамкори соҳибтаҷриба ва номдор ҳикоя карда будам. Вай ин нақли маро бо диққат гӯш карда, сипас ба андеша фурӯ рафта хомӯш монд.

пешина
аз 263
навбатӣ