Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

монд ва гуфт:

  • Бародар, ташаккур ба ту, дар дил эҳсоси масъулияти баланд доштай...
  • Агар як бори дигар ҳаёт аз нав ба Шумо дода шавад, кадом пешаро интихоб мекардед?
  • Ман бе шакку шубҳа мегӯям, завқ ва завқе, ки нисбати журналистика дорам, то ҳол хеле зиёд аст. Аз ин лиҳоз боз журналистикаро интихоб мекардам.
  • Журналистика, яъне чӣ?
  • Бидуни журналистика миллат вуҷуд дошта наметавонад, зеро таърихи миллату давлатро журналистон менависанд. Аз рӯйи навиштаҳои имрӯза ояндаро меомӯзанд. Журналистика таърихи ояндаро имрӯз ба авроқ меорад.
  • Фарқи журналистикаи мо аз даврони Шумо?
  • Журналистика дар даврони ҷавонии мо бисёр кори пурмасъул ва шавқангез буд. Журналистонро то дараҷаи фарзандони эркаи давлати советӣ ном барем, хато намешавад. Имконияти давлат дар он давр барои рӯзноманигорон зиёд буд. Ҳамин аст, ки ман бо шаҳодатномаи «Комсомоли Тоҷикистон» то кишвари Хабаровск, шаҳри Комсомолски соҳили Амур ба сафари хизматӣ рафтаам. Ҳамаи нақлиёти ҷамъиятӣ он вақт барои рӯзноманигорон ройгон буд. Ҳамчун рӯзноманигори рӯзномаи «Ҷавонон...» қариб ними сарзамини шӯравиро дидаам.

Имрӯз ҳам эътибори журналистика баланд аст, лекин вазъияти иқтисодиямон нисбат ба он давра албатта баробар нест. Баъди пош хӯрдани ИҶШС ва сар задани ҷангҳои бемаънӣ дар сарзаминамон бисёр харобиҳо оварданд. Аз ин ҷиҳат мо бисёр талафоти молӣ ва ҷонӣ додем. Ҳамаи ин чизҳо ба ҳаёти мо таъсири худро расонидаанд.

Бо вуҷуди ин ҳама Пешвои муаззами миллат аҳли қаламро бисёр дастгирӣ мекунанд. Ман дар як вохӯрии Роҳбари давлат бо аҳли зиё шоҳид будам, ки муҳтарам Президент гуфтанд, ки ман шоирон ва аҳли қаламро дӯст

пешина
аз 263
навбатӣ