Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

шароити тағйирёбандаи иҷтимоӣ ба ҳисоб мерафт. Тағйироти ҷиддӣ дар олам, дар ҷомеа ва дар худи инсон усули нави инъикоси воқеиятро тақозо мекард, ки яке аз ин усулҳо насри мустанади бадеӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун маводи таҷрибаи инсон ба кор бурда мешуд [ниг.: 3, с. 3].

Насри мустанади бадеӣ яке аз шаклҳои адабие мебошад, ки дар офаридани сюжети он ҳодисаҳои ҳаётии воқеӣ бо тахайюлоти рангину образноки нависанда омезиш меёбанд. Ҳадафи онро хусусияти замон, дигаргуниҳои ҳаётии иҷтимоию сиёсӣ ва пешравиҳои ҷомеа муайян менамояд. Ба ибораи дигар ташвику тарғиби иқдомоти муҳиме, ки ба пешрафти ҷомеа ва ташаккули тарзи нави ҳаёт мусоидат менамоянд, ба хонанда расондани ғояҳои пешқадами замон аз ҳадафҳои асосии насри мустанади бадеӣ ба ҳисоб мераванд [ниг.: 1, с. 3]. Ҳангоми навиштани чунин асар нависанда барои возеҳу боварибахшу офаридани симои қаҳрамону персонажҳо ба факту далелҳо, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, гувоҳии шоҳидон, маводи матбуоти даврӣ ва ғайра такя менамояд [ниг.: 4, с. 3]. Ин навъи асарҳо ҳамчунин барои аз тарафи хонанда дуруст дарк гардидани воқеияти замон, ба вуҷуд овардани афкори созанда дар ҷомеа мусоидат намуда, аз ҷиҳати фарогирии мавзуот, навгонӣ ва гуногунҷанрӣ ба пешрафту таҳаввули адабиёт такони нав мебахшанд. Муҳаққиқон оҳанги публитсистӣ доштани насри мустанадро таъкид намуда, онро ҳамчун рукни асосӣ ва воситаи офариниши асари мустанад донистаанд. Аз ҷумла ба ақидаи муҳаққиқ А. Саъдуллоев дар чунин асарҳо «ҷиҳати назаррасии оҳанги публитсистӣ дар болоравии ташвику тарғиби масъалаи мавриди муҳокима зоҳир мегардад [13, с. 4].

Дар замони муосир, ки ҳар рӯзу ҳар соат дар ҳаёт дигаргуниҳои зиёд ба амал меоянд, насри мустанад дар инъикоси воқеоти замон нақши муҳим бозида метавонад. Романи мустанади нависандаи соҳибистеъдод Бахтиёр Муртазо

пешина
аз 263
навбатӣ