Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Нақши муаллифи асар дар нишон додани зарурати бунёди нақби Анзоб, аҳамияти роҳсозӣ, азобу машаққатҳои роҳи ағба, хавфу хатаре, ки ронандагону мусофирон ҳангоми сафар бо ин роҳ рӯ ба рӯ мешаванд, фаъол арзёбӣ гардидааст. ТаҷАССУМИ оҳангҳои публитсистӣ дар асар ва таносуби он дар бобҳои алоҳидаи он низ аз назари пажӯҳишгар дур намондааст [6, с. 246-248].
Адабиётшиноси маъруф Мисбоҳиддин Нарзиқул низ дар бораи ин романи «Нақби Истиқлол»-и Бахтиёр Муртазо андеша баён дошта, «таърихияти дақиқ»-и онро махсус қайд менамояд. Ба ақидаи муҳаққиқ, дар асар факту далелҳои фаровон истифода шудаанд, ки хонандаро ба таърихи роҳсозию нақбсозӣ дар кишварамон ошно менамоянд [ниг.: 8]. Чунин андешаҳои адабиётшинос М. Нарзиқул баёнгари аҳамияти таърихии романи «Нақби Истиқлол» мебошанд. Махсусияти мулоҳизаҳои адабиётшинос М. Нарзиқул дар он аст, ки ӯ ба тасвири симои асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ин иншооти барои ҷумҳурӣ ҳаётан муҳим маҳз бо кӯшишу талошҳои пайвастаи эшон бунёд гардид, дар асар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. «Фарогирии далелҳои дақиқу муътамад ва тасвири воқеияти таърихии замони муосир» аз вижагиҳои хоси асар номида шудааст. Муҳаққиқ омезиши аносири услубҳои публитсистӣ ва бадеиро барои инъикоси мақсаду мароми муаллиф муҳим дониста, дар баробари дастовардҳо, баъзе норасоиҳои онро низ қайд кардааст [ниг.: 8].
Публитсистикашинос Н. Салихов асари «Нақби Истиқлол»-ро «марҳилаи тоза» дар эҷодиёти адиб ҳисобида, онро аз ҷиҳати «фароҳии мавзӯъ доманадор» арзёбӣ кардааст. Ба қавли ин муҳаққиқ асари мазкур ба сохтмони нақби Анзоб бахшида шуда бошад ҳам, нависанда дар ҳошияи мавзӯи асосии асар «рӯйдоду проблемаҳои замони муо-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё