Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

сир», аз қабили «оила ва оиладорӣ, озодӣ ва худшиносии инсон, дӯстӣ ва ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Россияву Эрон ва дигар кишварҳо»-ро низ матраҳ менамояд. Тамоми масъалаҳои бамиёнгузошташуда дар муттаҳидӣ бо мавзӯи асосӣ иртибот дошта, «яклухтӣ ва ягонагии сюжети асарро таъмин менамоянд» [12, с. 287-288]. Хусусияти публитсистӣ доштани «Накби Истиқлол» ва «таърихномаи ҳаёти нақбканони тоҷик» будани он махсус таъкид мегардад [ниг.: 12, с. 288]. Дар пажӯҳиши Н. Салихов инчунин ба баъзе паҳлуҳои сюжети асар, ки аз онҳо хулқу атвори неки қаҳрамони асосии асар – Мафтун аён мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар маҷмӯъ «Накби Истиқлол» «асари замони нав ва падидаи муҳим дар публитсистикаи муосири тоҷик» дониста шудааст [12, с. 288-289].

Мухтасар дар бораи мазмуну мундариҷаи асар

Романи мустанади «Накби Истиқлол» аз ҳафт боб иборат мебошад. Бобҳои асар «Муҳориба бо юз», «Меҳргони Зимарг», «Уқоби кӯҳӣ дастомӯз намешавад», «Роҳ – фарҳанги диёр», «Нанги ватандорӣ», «Дасти дӯст» ва «Дӯстони бародарӣ» унвон дошта, идомаи мантиқии ҳамдигар мебошанд ва яке дигареро пурра намуда, дар маҷмӯъ асари мукаммалеро ба вуҷуд овардаанд. Хонанда аз ин асар на танҳо ба таърихи бунёди муҳимтарин иншооти нақлиётиву коммуникатсионии замони муосир – Накби Истиқлол ва корнамоию фидокориҳои нақбканони ин иншоот шиносӣ пайдо менамояд, балки, умуман, аз таърихи сохта шудани роҳи автомобилгарди Сталинобод – Ӯротеппа (Душанбе – Истаравшан), ки охирҳои солҳои 20-ум ва аввалҳои солҳои 30-юми асри гузашта, дар замони ҳамчун ҷумҳурии иттифоқӣ қомат рост намудани Тоҷикистон, асосан, бо меҳнати дастӣ бунёд ёфта буду дар он давра сохтмони зарбдори дорои аҳамияти муҳим барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба ҳи-

пешина
аз 263
навбатӣ