Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Вас ба хонаи хешашон қанду кулча туҳфаю савғотиҳо мебурд. Падару модари Мафтун ба орзуи худ нарасида, яъне писари худро хонадор накарда вафот мекунанд. Мафтун барои таҳсил ба шаҳр омада, бо Фарогат, ки духтари ягонаи доктори илм, профессор ва вазир буду дар факултети шарқшиносӣ таҳсил мекард, шинос мешавад. Фарогат ба назари ӯ ҳамчун «парии афсонавӣ» менамояд ва Мафтунро «бо бӯсаҳои гарми лаби лаъли оташгунаш асир» менамояд [ниг.: 7, с. 48-49]. Зуҳал номаҳои бисёр одиву самимона менавишт, вале Фарогат дар номаҳояш ба Мафтун «панду насиҳат» мекард. Мехост, ҳар чӣ зудтар ин ҷавон аз хизмати ҳарбӣ баргардаду бо ӯ хонадор шавад, таҳсилро дар техникуми кӯҳшиносиву геологӣ тарк намояду бо мусоидати падари мансабдораш ба факултети шарқшиносӣ дохил шавад. Фарогат ҳамчунин мехост, ки Мафтун баъди бо ӯ оила барпо кардан дар хонаи онҳо истиқомат намояд. Бо ин ният ӯ ҳатто як ҳуҷра низ ҷудо карда буд. Инчунин Фарогат орзуманди он буд, ки баъди хатми донишгоҳ бо ҳамсараш якҷоя ба хориҷа равад, «боҳаловат мошинсаворӣ» кунад ва соҳиби пулу моли бисёр гардад... [ниг.: 7, с. 49-50].

Ба ибораи дигар, Мафтун дар сари дуроҳа қарор дошт. Баъзан мехост аз баҳри духтари нозпарвари шаҳрӣ гузараду риштаи ҳаёташро пурра бо Зуҳал пайвандад, вале пас аз чанд рӯз боз аз ин фикри худ мегашт, гӯё Фарогат «як ҷозиbai гарми сӯзони ноаёне» дошт, ки ӯро ба сӯйи худ мекашид. Баъзан ҳатто Мафтун хаёл мекард, ки Фарогат ӯро ҷоду кардааст [ниг.: 7, с. 51-52].

Мафтун ҳис мекард, ки Фарогат мехоҳад, бе розигии ӯ ва, албатта, бо маслиҳати падараш роҳи ҳаёти ояндаи Мафтунро муайян намояд, бо ин ҳама Мафтун ба рафиқонаш Шераливу Ҷобирбек ваъдаи қатъӣ медиҳад, ки техникуми кӯҳшиносиву геологиро ҳеҷ гоҳ тарк нахоҳад кард. Ӯ нақбканиро касби дӯстдоштаи худ ҳисобида, ба воситаи ин касб асрори кӯҳҳои диёрашро омӯхтан мехоҳад...

пешина
аз 263
навбатӣ