Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
рии Мафтун мешавад. Мафтун номаи дӯсташ Шералиро гаштаю баргашта мехонад ва айёми бо ӯ шинос шуданро ёд мекунад... [ниг.: 7, с. 19-25].
Онҳо якҷоя дар техникуми кӯҳшиносиву геологияи шаҳри Душанбе таҳсил мекарданд, баъдан ҳар ду ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мегарданд. Дар роҳи сафар ба хизмати ҳарбӣ, ҳангоме ки Мафтун ва Шералӣ дар дохили қатора ба варзиш машғул буданд, дӯсти дигар пайдо мекунанд, ки Ҷобирбек ном дошт. Мафтуну Шералӣ ва Ҷобирбек дар Ленинград қарзи фарзандии худро дар назди Модар-Ватан ба ҷо меоранд. Мафтун, ки ҷавони аз ҷиҳати ҷисмонӣ ниҳоят обутобёфта буду ҳамеша ба варзиши бадан машғул мегардид, ҳангоми хизмати ҳарбӣ на танҳо ҳомии дӯстонаш Шераливу Ҷобирбек, балки ҳомии тамоми ҳамхизматон буд. Агар касе аз кӯҳнахизматҳо ба наваскаре дағалӣ мекард, Мафтун дарҳол ба ҳимояи ӯ бармехест ва аз ин боис на танҳо дар байни сарбозони қаторӣ, балки дар байни ҳайати афсарому фармондеҳони қисми ҳарбӣ низ соҳиби обрӯ гардида буд. Ҳангоми хизмати ҳарбӣ Мафтуну Шералӣ ва Ҷобирбек ҳамеша аз рози ҳамдигар бохабар буданд. Ҷобирбек аз шаҳраки Сарвода бо номи Соҷида дӯстдоштае дошт, ки мунтазам ба ӯ номаҳои ошиқона мекард. Шералӣ ҳам аз дӯстдоштааш - духтараки себистонӣ, ки Ёсуман ном дошт, нома мегирифт. Дӯстон аз ин бохабар буданд. Шераливу Ҷобирбек аз ҳар номаи духтарони дӯстдоштаашон шод мегардиданд, номаҳоро бо самимият хонда, ба дӯстонашон нишон медоданд. Аммо Мафтун номаҳои ба унвонаш расидаро пинҳон медошт. Ба дӯстон аён буд, ки баъди гирифтани ҳар нома Мафтун чанд муддат парешонҳотиру хаёлолуд мегардад. Оқибат маълум мешавад, ки Мафтун «гирифтори зулфони ду нозанин» мебошад [ниг.: 7, с. 25-48]. Волидони ӯ ҳанӯз аз овони тифлӣ хеши дури модараш - Зуҳалро ба ӯ гаҳворабахш карда буданду модари Мафтун дар рӯзҳои иду айём бо ҳазорон орзую ха-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё