Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

меҳнати шарафмандона дар сохтмони нақбҳо медид. Ниҳоят Фароғат ба Мафтун шарт мегузорад, ки пеш аз сафарбар шудан ба сохтмони нақби Анзоб ӯро ба хонаи падараш бурда монад. Мафтун ҳарчанд ба ҳамсараш мефаҳмонад, ки ӯ дар Себистон танҳо намемонад, ҳамсарони Шераливу Ҷобирбек – Ёсуману Сочида низ дар ин ҷо ҳастанд, аммо Фароғат «ман худамро бо ҳар кӣ баробар намекунам» — гӯён ба суханони шавҳараш гӯш намекунад. Баъди чунин ранг гирифтани кор Мафтун дар вуҷуди худ пушаймонӣ эҳсос менамояд ва худ ба худ фикр мекунад, ки, агар бо Зуҳал оила бунёд менамуд, чунин дилсардӣ дар оилааш ба вуҷуд намеомад [ниг.: 7, с. 85-87].

Рӯзи дигар Мафтун аз пайи сафарбар намудани бригадааш ба сохтмони нақби Анзоб мешавад ва чун бегоҳ ба хона меояд, мебинад, ки Фароғат аллакай барои ба Душанбе рафтан омода шудааст. Пеш аз рафтан Фароғат ба шавҳараш «хӯрокатон дар болои манқал, худатон гарм карда хӯред» мегӯяд. Баъди чунин муносибат пушаймонии Мафтун бештар мегардад ва муносибати падару модарашро, ки бисёр самими буд, пеши назар меорад, аммо боз дар сараш чунин андешае пайдо мешавад, ки шояд дар вақти ҳомиладорӣ бар хонаи падараш будани Фароғат беҳтар аст. Ба ҳамин фикру хаёл ӯ аз Худованд илтиҷо мекард, ки «ҳамсарашро сиҳатманд нигоҳ дораду вай ба Мафтун як писараки дӯстрӯе ҳадя намояд» [ниг.: 7, с. 87-89]. Ӯ умедвор буд, ки таваллуди фарзанд меҳри ҳамсарро нисбат ба шавҳар бештар хоҳад кард. Айёми бо Фароғат гузарондаашро бори дигар пеши назар оварда, ба худ савол медод, ки дар ин муддат ҳамеша барои хурсандии ҳамсараш кӯшиш мекард. Пас, чаро Фароғат чунин дагалиро ба ӯ раво дид? Чунин андешаҳо ӯро ором намегузоштанд... [ниг.: 7, с. 89-91].

Идомаи боби «Меҳргони Зимарг» руҷӯи таърихӣ мебошад. Дар ин қисм сухан дар бораи он меравад, ки замоне

пешина
аз 263
навбатӣ