Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Як шохаи Роҳи Бузурги Абрешим аз ин минтақа мегузашту дар мавзеи Зимарг бозори калон ва корвонсаройҳои барҳаво вуҷуд доштанд. Ҳар сол дар арафаи ҷашни Меҳргон дар ин ҷо тиҷорат равнақ мегирифт. Ба бозори Зимарг аз шаҳрҳои Улҷаю Урумчии Чин, Машҳаду Нишопури Эрон, Балҳу Самангону Мазори Шарифи Афғонистон, Ҳайрободу Аграи Ҳиндустон, инчунин аз Хоразм, Самарқанд, Бухоро, Кӯлоб, Истаравшан, Панҷакент, Хуҷанд, Қубодиён, Дарвоз, Рашт, Ванҷ ва дигар шаҳрҳо бозаргонон омада, муддати си рӯз хариду фурӯши молу коло ба тартиби ниҳоят хуб ҷараён мегирифт. Нависанда дар ин руҷӯи таърихӣ сафари тоҷикони хатлонӣ ба бозори Зимарг ва шукӯҳу шаҳомати бозор, назму тартиби хуби тиҷорат дар он ва нақши бозори Зимарг дар ривоҷу равнақи иқтисоду иҷтимоиёт ва фарҳанги ин мулк ҳикоят намуда, гузаштаи таърихиро бо замони имрӯза як навъ алоқаманд намуда [ниг.: 7, с. 91-98], таъкид медорад: «Пас аз сипарӣ шудани асрҳо ва солҳо деҳаи Зимарг боз мисли даврони бозори Меҳргон серодам гардид. Ба ин ҷо нақбсозон омада, азми қавӣ доштанд..., Шоҳроҳи абрешимро аз нав эҳё намуда, онро барои чор фасли сол бидуни танаффус мавриди истифода қарор диҳанд» [ниг.: 7, с. 98].
Ҳамин тариқ, пас аз корҳои омодагӣ сохтмони нақби
Анзоб шурӯъ мегардад. Дар ҷойи бозори «Меҳргони Зимарг» хобгоҳҳои коргарону мутахассисон ва анборҳои ёрирасон барои сохтмони нақб бунёд карда мешавад. Дар рӯзи
ифтитоҳи кори сохтмон Мафтун ҳамчун сардори бригадаи
нақбканон бели нахустинро зада, ба ин сохтмони азим оғози расмӣ мебахшад. Ҳама ӯро табрик менамоянд. Ба ин
муносибат раиси машҳури хоҷагии Орҷоникидзеи ноҳияи
Айнӣ Муллораҳим Аслиддинов гӯсфанди шахсиашро сар
зада, зиёфат меорояд. Маросими ифтитоҳи сохтмони нақб
хеле пуршукӯҳ доир мегардад ва дар дили Мафтун хоҳише
пайдо мешавад, ки Фарогатро бинаду ин воқеаи таърихиро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё